Кашфи бастаи бузурги силоҳу муҳимоти террористӣ дар шарқи Эрон
Додситони умумӣ ва Инқилоби Исломӣ дар маркази устони Кирмон аз шиносоӣ, кашф ва нобудии як маҳмулаи силоҳу муҳимоти нимасангини мутааллиқ ба гурӯҳакҳои террористӣ дар шарқи Эрон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Додхудо Солорӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, нерӯҳои амниятӣ Эрон дар амалиёти густурда як гурӯҳаки террористиро, ки аз марзҳои шарқии Эрон силоҳу муҳимоти нимасангин ба қасди эҷоди ноамнӣ вориди кишвар карда буд, шиносоӣ ва нобуд карданд. Солорӣ афзуд, аз маҳалли пинҳон шудани ин гурӯҳаки террористӣ миқдори зиёди муҳимоту силоҳҳои ҷангӣ, шомили ду қабза силоҳи зиддиҳавоӣ, ҳафт ҳазору 400 гулӯлаи зиддиҳавоӣ, 23 ракета ва 15 ҷаъбаи муҳимот кашф шуд.
Додситони умумӣ ва инқилоби маркази устони Кирмон таъкид кард, нерӯҳои амниятии Эрон иҷоза нахоҳанд дод, гурӯҳакҳои террористӣ амнияти мардумро ба хатар андозанд.
Сайид Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон чанде пеш эълом кард, аз 20-уми марти соли 2017 то 20-уми марти соли 2018 бо талоши нерӯҳои амниятӣ 300 тими террористӣ дар Эрон нобуд шуд.