Иттифоқи назар барои манъи ҳузури низомиёни бегона дар дарёи Хазар
(last modified Sun, 12 Aug 2018 05:28:18 GMT )
Август 12, 2018 10:28 Asia/Dushanbe
  • Иттифоқи назар барои манъи ҳузури низомиёни бегона дар дарёи Хазар

Вазири умури хориҷаи Эрон шанбе шаб дар Иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои соҳили дарёи Хазар дар Қазоқистон аз иттифоқи назар барои мамнуияти ҳузур ва убури неруҳои низомии бегона дар ин дарё, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин нишаст тасреҳ кард, панҷ кишвари соҳилии дарёи Хазар дар сояи иродаи мусбати раҳбаронашон ва фазои дӯстона, дар остонаи имзои канвенсия (санади ҳуқуқӣ)-и режими ҳуқуқӣ ва 6 мувофиқатнома ва протоколи дигар ва низ судури баёнияи иҷлоси сарон ҳастанд.

Зариф бо таъкид бар ин ки имзои ин санад поёни ҳамаи музокирот ва иқдомот дар Хазар нест, гуфт, ин иқдом оғозе барои иҷрои тафоҳумот, назорат бар иҷро ва ҳамчунин шурӯи музокирот барои имзои мувофиқатномаҳои ҷадид ва зарурӣ аст.

Зариф бо баёни ин ки дар ин санад таҳдиди ҳудуди бистар ва зери бистар ва ҳамчунин таъйини хутути мабда ва шеваҳои он анҷом нашуда ва ба мувофиқатномаҳои ҷудогона дар оянда мавкул(вогузор) шудааст, ибрози умедворӣ кард, кишварҳои соҳилӣ дар ояндаи наздик ин умурро низ ниҳоӣ кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, дар канвенсия (санади ҳуқуқӣ) бар инҳисори ҳузур ва дарёнавардии ҳаргуна шиновар сирфан бо парчами яке аз кишварҳои соҳилӣ ва ҳамчунин мамнуияти ҳузур ва убури неруҳои низомии бегона ва ғайри соҳилӣ, иттифоқи назар вуҷуд дорад.

Иҷлоси вазирони кишварҳои соҳилии дарёи Хазар, рӯзи шанбе дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд ва панҷумин нишасти сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар низ имрӯз (якшанбе) дар ин шаҳр баргузор мешавад.

Эрон, Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон панҷ кишвари соҳилии дарёи Хазар ҳастанд.