Эрон бомбаборони занон ва кӯдакони овораи яманиро маҳкум кард
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, ҷинояти ҷадиди ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, дар ҳадаф қарор додани занон ва кӯдакони овораи яманӣ дар шаҳри ал-Дурайҳимӣ дар устони ал Ҳудайдаи Яманро маҳкум кард.
Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ, асри панҷшанбе ду дастгоҳ худрави мутааллиқ ба оворагони яманиро шаҳри ал-Дурайҳимӣ дар устони ал Ҳудайдаи (ғарби Яман) ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 31 кӯдак ва зан яманӣ ҷон бохтанд.
Баҳроми Қосимӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагони қурбониёни ин ҷинояти ҷангӣ, афзуд, ҳанӯз аз ҷинояти саудиҳо дар бомбаборони автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ дар шаҳри Заҳён (dahyan)-и устони Саъда, ки ба кушта ва захмӣ шудани беш аз 130 кӯдаки яманӣ мунҷар шуд, замони зиёде намегузарад, ки ҷаҳониён шоҳиди ҷинояти ҷадиде алайҳи мардуми мазлуми Яман ҳастанд.
Қосимӣ бо ишора ба тадовуми куштори ғайри низомиёни яманӣ тавассути эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, аз маҷомеи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ дархост кард, бо таваҷҷуҳ ба ҷиноёти инсонӣ вафоҷеаи дарднок ва осори мухарриби он, бар сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон ба ҳар тариқи мумкин монеъ аз истимрори ин ҷиноёт дар Яман шаванд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки кишварҳои ҳомии таслиҳоти нерӯҳои мутаҷовиз ба Яман, дар ҷинояти ба хоку хун кашидани занону кӯдакони яманӣ шарик ҳастанд, изҳор кард, ҳомиёни таслиҳотии мутаҷовизон ба Яман, бояд посухгӯи сиёсатҳо ва натоиҷи иқдомоти худ бошанд.