Ройзании Эрон ва Ироқ барои рафъи монеъҳои мубодилоти тиҷорӣ
-
Дидори раиси кулли бонки марказии Эрон бо вазири тиҷорати Ироқ
Порс Тудей- раиси кулл бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафари ба Ироқ бо вазири тиҷорати ин кишвар дидор ва дар хусуси роҳкорҳои таслҳили муносиботи иқтисодӣ ва рафъи монеъҳои мавҷуд дар масири мубодилоти тиҷории ду кишвар гуфтугу карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо Дар ин мулоқот, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва муносибатҳои пулӣ баргузор шуд, ҷонибҳо бо таъкид ба имконоти васеъ барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни Эрон ва Ироқ, дар бораи амалӣ кардани созишномаҳои қаблӣ ва афзоиши сатҳи муносибатҳои бонкӣ байни ду кишвари ҳамсоя сӯҳбат карданд.
Ҳимматӣ дар ин мулоқот нақши фаъолони бахши хусусиро дар мусоидат ба содирот ва воридоти молҳо ва зарурати қабули механизмҳои нав барои суръат бахшидан ба раванди мубодила, бахусус дар нуқтаҳои вуруд, таъкид кард.
Вазири тиҷорати Ироқ Мустафо Низор Ал-Анӣ, дар ҳоле ки аз рушди ҳамкорӣ истиқбол кард, аз қатъияти ҳукумати Ироқ барои ҳалли мушкилоте, ки фаъолони иқтисодӣ бо онҳо ру ба ру ҳастанд ва тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.