Оғози расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ
(last modified Mon, 27 Aug 2018 09:59:59 GMT )
Август 27, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ

Девони Байналмилалии Додгустарӣ ба унвони яке аз аркони Созмони Милали Муттаҳид аз имрӯз - душанбе ( 27 – уми август ) ба муддати чаҳор рӯз ба шикояти Эрон аз Амрико расидагӣ мекунад. Қарор аст дар ин давр аз расидагӣ ба шикоят, салоҳияти девон барои судури қарори муваққат баррасӣ шавад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаии мавсум ба БарҶом, шикоятеро дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар шаҳри лоҳа (Гаага) – и Нидерландия матраҳ кард. Дар ин шикоят гуфта шудааст, ки бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эрон дар пайи хуруҷи Амрико аз БарҶом, Паймони дӯстӣ миёни ду кишвари Эрон ва Амрикоро нақз мекунад. Ин паймон дар соли 1955 миёни ду давлат ба имзо расид ва ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст. Дар ин паймон, тарафайн мутааҳҳид шудаанд, ки ҳеҷ иқдоме анҷом надиҳанд, ки манофеи иқтисодӣ ва тиҷории давлатӣ ва хусусиро ба хатар баяндозад. Ҳамчунин дар ин паймон пешбинӣ шудааст, агар тарафайн қодир набуданд ихтилофоти байнашонро ба таври дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд, мавзуъ дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ матраҳ шавад.

Акнун Эрон тасмим гирифтааст, ки нақзи тааҳҳудоти Амрико дар қолаби Паймони дӯстии соли 1955 - ро дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ матраҳ намояд. Девон низ дар гоми нахуст дар номае расмӣ хитоб ба Вазорати умури хориҷаи Амрико аз ин кишвар хост, аз бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон ба ин далел, ки мумкин ин иқдом бар раъйи ниҳоии девон таъсири нобаҷо барҷой бигузорад, худдорӣ намояд. Аммо аз он ҷо ки амрикоиҳо ба ин дархост таваҷҷуҳе накарданд, Эрон дархости судури дастури муваққатро барои таваққуфи бозгашти таҳримҳо хостор шудааст. Агар ин дархост мавриди мувофиқати девон қарор гирад, давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои Созмони Милал ва имзокунандаи асосномаи Девони Байналмилалии Додгустарӣ, мулзам ба риояти аҳкоми ин ниҳоди байналмилалӣ хоҳад буд.

Албатта, интизор меравад дар сурати пазириши салоҳияти судури дастури муваққат аз сӯйи девон, расидагӣ ба моҳияти шикояти Эрон аз Амрико чанд моҳ баъд оғоз шавад. Девон то кунун ду бор ба шикоёти Эрон ва Амрико алайҳи якдигар бар асоси Паймони дӯстии соли 1955 расидагӣ кардааст. Ин собиқа ҳикоят аз он дорад, ки аз назари қозиёни девон, Паймони дӯстӣ миёни Эрон ва Амрико бо вуҷуди вуқуи инқилоби исломӣ ва тағйири низоми сиёсӣ дар Эрон ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст. Зимни ин ки ду кишвар бо гузашти беш аз 60 сол аз умри ин паймон, аз мундариҷоти он барои бекор кардани ин паймони дуҷониба истифода накардаанд. Аз ин рӯ интизор меравад, ки девон дар ниҳоят салоҳият худро барои расидагӣ ба шикояти Эрон бипазирад ва вориди моҳияти даъво шавад. Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба печидагиҳои ҳуқуқӣ ва ғалабаи сиёсат бар ҳуқуқ дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Девони Байналмилалии Додгустарӣ, судури ҳукми ниҳоӣ алайҳи Амрико ва эътироф ба ҳаққонияти миллати Эрон қатъӣ ва ҳатмӣ нест. Зимни ин ки корномаи давлати Амрико нишон медиҳад, ки ин кишвар дар нодида гирифтани тасмимоти девон ибое низ надорад. Аммо расидагӣ ба шикояти Эрон ва эҳтимолан раъй ба нафъи ҷумҳурии исломӣ, дастоварди бузурги ҳуқуқӣ хоҳад буд, ки қудрати манёври Амрикоро барои эъмоли фишор ё ташдиди фишор бар Эрон коҳиш хоҳад дод.

Лаъё Ҷунайдӣ, муовини ҳуқуқии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин бора мегӯяд: Агар дар маҳкамаи байналмилалӣ ҳукм ба нафъи Эрон содир шавад, шояд ҳамаи додгоҳҳои дигар дар дунё аз рӯи қоида аз ҳукми девон пайравӣ кунанд, аммо боз ҳам мумкин аст додгоҳҳои амрикоӣ аз ин қоида итоат накунанд. Бо ин ҳол, чун ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ аст, мунҷар ба масъулияти байналмилалӣ барои Амрико хоҳад шуд.