Раҳбари инқилоб: Ҷанги кунунӣ дар ҷаҳон “ҷанги иродаҳост”
(last modified Wed, 14 Nov 2018 10:47:35 GMT )
Ноябр 14, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҷанги кунунӣ дар ҷаҳон “ҷанги иродаҳост”

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҷанги кунунӣ дар ҷаҳонро “ҷанги иродаҳо” хонданд ва таъкид карданд: Варзишкорони ҷонбоз ва маълул бо ҳаракати арзишманди худ нишон доданд, ки аз иқтидор ва истиқлоли фарҳангӣ ва иродаи қавӣ бархурдор ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори медаловарон ва қаҳрамонони корвони варзишии Эрон дар бозиҳои Параосиёӣ – 2018-и Индонезия, бо таҷлил аз ифтихорофаринии қаҳрамонони ҷонбоз ва маълул, ин қаҳрамониро нишондиҳандаи азми росих ва ба кор андохтани зарфиятҳои пинҳон донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ эътимод ба нафси варзишкорони ҷонбоз ва маълул, ба вижа бонувони варзишкорро дар дифоъ аз арзишҳои динӣ ва миллии худ, иқдоме бисёр барҷаста ва сутуданӣ хонданд ва афзуданд: “Парчамдори корвони варзишии Эрон ба василаи як бонуи дорои ҳиҷоби чодар ва ё иқомаи намози ҷамоат ва ҳузур дар намози ҷумъа, ба маънои истодани яктана дар баробари таҳоҷуми бебандуборӣ ва валангори рӯзафзуни ҷаҳон ва кам наёвардан дар баробари ин ҳуҷум аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ изҳор доштанд: “Дар шароите, ки бархе дар майдонҳои ҷаҳонӣ тавоноии муқовимат дар баробари ҳуҷуми таваққуоти бепоёни ҷабҳаи куфр ва истикборро надоранд ва ақибнишинӣ мекунанд, шумо бо истодагӣ ва бо “қудратнамоии фарҳангӣ” аз ҳиҷоб ва покдоманиву либоси миллӣ ва динии худ дифоъ кардед, ки ман ба ҳамин далел самимона ва амиқан аз аъзои корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаккур мекунам”.

Image Caption

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз нукоти дарсомӯз дар қаҳрамонии варзишкорони ҷонбоз ва маълулро бакоргирии зарфиятҳои пинҳон дар вуҷуди инсон баршумурданд ва таъкид карданд, агар аз зарфиятҳои миллӣ дуруст истифода шавад, мушкилоти иқтисодӣ ҳал хоҳад шуд.

Корвони варзишии Эрон дар севумин давраи бозиҳои Параосиёӣ - 2018 –и Индонезия бо касби 51 медали тило, 42 нуқра ва 43 биринҷӣ (маҷмуъ 136 медал), дар радаи севуми ин рақобатҳо қарор гирифт.