Ноябр 18, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
  • Посухи кӯбандаи намояндаи Эрон дар СММ ба ёвагӯиҳои намояндаи Саудӣ

Намояндаи Эрон дар Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба ёвагӯии сафири режими Арабистон гуфт, мафияи бадавии бегона аз тамаддун режими Саудиро идора мекунад, ки абзори таваҳҳуши худро аз шамшер ба арра тағйир додааст.

Ба гузориши ИРНА, ин изҳори назари намояндаи Эрон дар посух ба изҳороти зиддиэронии Абдуллоҳ Алмуаллимӣ, намояндаи Саудӣ дар нишасти Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуд. Абдуллоҳ Алмуаллимӣ дар ин нишаст дар ҳоле дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон алайҳи Эрон суханпароканӣ кард, ки ин рӯзҳо иқдомоти зиддиинсонӣ ва ҷиноёти саудиҳо ҷаҳониёнро нигарон кардааст.

Намояндаи Эрон дар Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар посухе ба изҳороти бепояи намояндаи доими Саудӣ гуфт, ҳатто заррае наҷобат бояд сабаб мешуд, то Арабистон сукут ихтиёр кунад ва ба ваъзи эрониён дар боби ҳуқуқи башар напарозад, аммо интизори наҷобат аз Саудӣ, ки ахиран, абзори мавриди алоқаашро аз шамшер ба арра тағйир дода, таваққуи ғайримантиқӣ аст. Исҳоқ оли Ҳабиб афзуд, давлате, ки як автобуси пур аз донишомӯзро ҳадафи машруъ талаққӣ мекунад, фақат ёдовари Аҳримане ба номи ДИИШ аст.

Ин дипломати эронӣ бо баёни ин ки ДИИШ маҳсули ифротгароии Саудӣ аст, гуфт, ДИИШ кӯдаконро дар Сурия гаравгон мегирад ва устодаш Саудӣ онҳоро дар Яман мекушад; мева хеле аз дарахти худ дур намеафтад, фақат ДИИШ ва Саудӣ мухолифони сулҳомезро сар мебуранд ва ҳар касеро, ки мисли онҳо фикр намекунад, мулҳид медонанд. Намояндаи Эрон дар Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, ваҳҳобияти арабистонӣ тағзиякунандаи “Алқоида”, Толибон, ДИИШ ва бақияи гурӯҳҳои умдаи террористӣ дар ҷаҳон будааст. “Тааҷҷубовар нест, ки ҳамаи онҳо аз пуштибонии лужистикӣ, сиёсӣ ва молии Саудӣ бархурдор будаанд”,- гуфт ӯ.

Ӯ таъкид кард, Саудӣ чизе нест ҷуз як қулдури зӯргӯ, як мафияи қабилаии бадавӣ, як олигархи фосид, ки ҳамакнун дар Яман машғули қатли ом аст ва умедҳо барои ҳуқуқи башар ва демократияро дар кулли минтақа саркӯб мекунад. Ин дипломати Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд: “Соли гузашта ҳамин ҷо вуруди Саудӣ ба тамаддунро табрик гуфтам, чун дар авохири дувумин даҳа аз қарни бисту якум ба занҳо иҷоза доданд, ки пушти фармон бинишинанд, аммо акнун ки занони дархосткунандаи ин ҳаққи ибтидоӣ ба ҷойи фармони мошин пушти миллаҳои зиндон нишастаанд, он табрик ҳам зудрас ба назар мерасад, бинобар ин бояд табрики худро пасбигирам”.