Раисҷумҳури Эрон вориди Озарбойҷони Ғарбӣ шуд
(last modified Mon, 19 Nov 2018 07:56:35 GMT )
Ноябр 19, 2018 12:56 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Эрон вориди Озарбойҷони Ғарбӣ шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ифтитоҳи 10 тарҳи умронию иқтисодӣ ва оғози амалиёти иҷроии ду тарҳи зербиноӣ вориди шаҳристони Хӯйи устони Озарбойҷони Ғарбӣ, шимолу ғарби Эрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат рӯзи душанбе, пас аз вуруд ба фурудгоҳи Хӯй мавриди истиқболи мақомҳои аршади кишварӣ ва устонӣ қарор гирифтанд.

Дидор бо мардум, ифтитоҳи роҳи оҳани Мароға - Урумия, ифтитоҳи чанд тарҳи умронии бемористоне дар Урумия ва Хӯй аз аҳдофи муҳими сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати давлат ба устони Озарбойҷони Ғарбӣ аст.