Ҳамоиши ҳазораи Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ дар Эрон
Ҳамоиши байналмилалии ҳазораи Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ, сиёсатмадор ва андешаманди хуросонӣ бо ҳузури мутахассисони ҳавзаҳои сиёсат, таърих ва адабиёт аз Эрон ва бархе кишварҳои ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад (шимолишарқи Эрон) баргузор шуд
Ба гузориши ИРНА, дабир илмии Ҳамоиши байналмилалии ҳазораи Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ дар ин маросим, гуфт, 170 чакидаи мақола ва 70 асли мақола аз устодон ва андешамандоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба дабирхонаи ин ҳамоиш, ироа ва 107 маврид аз ин мақолот пас аз доварӣ ва виросторӣ дар қолаби китоб мунташир шудааст.
Доктор Рӯҳуллоҳ Исломӣ, нусхашиносӣ, тасҳеҳ ва тарҷумаи китоби Сайр ул Мулуки Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ ва баррасии вижагиҳои насри ин китоб, баррасии мадориси низомия ва шеваҳои омӯзиши Хоҷа Низомулмулк ва робитаи дин ва давлат дар андешаи ин донишманди эрониро аз меҳварҳои ин ҳамоиши як рӯза баршумурд.
Абуалӣ ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ, машҳур ба Хоҷа Низомулмулк, вазири донишманд ва сиёсатмадори ҳушманди эронӣ дар соли 397 шамсӣ дар Тӯс, ки ҳам инак боқимондаҳои он дар 25 километрии шимоли шаҳри Машҳад қарор дорад мутаваллид шуд.
Вай соли 471 шамсӣ дар Бруҷерд ба қатл расид ва пайкараш дар Исфаҳон дафн шуд.
Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ, нирумандтарин вазири силсилаи Салҷуқиён дар Эрон буд ва ин ҳукумат бо садороти вай ба авҷи нирумандӣ расид. Вай 29 сол сиёсати дарунӣ ва берунии Эрон ва ҷаҳони Исломро дар он даврон рақам зад.
Хоҷа Низомулмулки Тӯсӣ, муассиси мадориси машҳури Низомия ҳамчунин дар даврони ҳаёташ, хадамоти шоёне барои ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги эронӣ ва тадовуми он, ироа кард.