Ноябр 22, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • 90 дарсади заъфарони ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад

Узв Шӯрои миллии заъфарони Эрон гуфт, 90 дарсади содироти заъфарони ҷаҳон бо болотарин кайфият ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ихтисос дорад.

Ба гузориши ИРНА, Алӣ Ҳусейнӣ, узви Шӯрои миллии Заъфарони Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши омӯзиш ва тарвиҷи кишти заъфарон бо баёни инки аз 430 тонн заъфарони тавлиди ҷаҳон, 400 тонни он дар Эрон тавлид мешавад, афзуд, устонҳои Хуросони Разавӣ ва ҷанубӣ дар шимолу шарқӣ ва шарқи Эрон ба танҳоӣ метавонанд ниёзи ҷаҳонии заъфаронро таъмин кунанд.

Кайвон Кошифӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноат ва маодини Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон ҳам гуфт, заъфарон монанди писта ва фарш аз маҳсулоти асосӣ барои содирот ва бренди эронӣ аст.

Ҳамоиши омӯзиши кишти заъфарон дар устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) баргузор шуд.

 

Барчасп