Декабр 03, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба иддаои Пампео дар бораи барномаи мушакии Эрон

“Вазири хориҷаи Амрико хуб аст каме Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони Милалро мутолиа кунад”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон пас аз поёни ҷаласаи асри якшанбеи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис дар посух ба суханони машкуки вазири хориҷаи Амрико дар бораи барномаи мушакии Эрон бо таъкид бар ин нукта афзуд: “Таваққуи дигаре аз Пампео нест, ба ҷуз ин ки БарҶомро нафаҳмида бошад. Касоне, ки бо БарҶом ошно ҳастанд, медонанд мушакҳо дар БарҶом ҳеҷ мамнуияте надорад ва дар Қатъномаи 2231 ҳам сирфан мушакҳое, ки барои ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ тарроҳӣ шуданд ва он ҳам мамнуияте надорад, аз Эрон хоста шудааст аз он мушакҳо истифода накунад”.

Вазири хориҷаи Амрико дар изҳороте муддаӣ шудааст, Ҷумҳурии исломии Эрон ба тозагӣ як мушаки миёнбурди баллистик озмоиш карда, ки қодир аст кулоҳакҳои зиёде ҳамл кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки Амрико дар бораи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал риёкорӣ мекунад, афзуд: “Хаёлпардозӣ ҳамакнун ба равияе одӣ дар умури хориҷаи Амрико бадал шудааст”.

Қудрати мушакии Эрон масъалаи ғайримаъмул нест, аммо мақомҳои Амрико саъй доранд анро ба сурати таҳрифшудае дар қолаби эронҳаросӣ матраҳ кунанд. Мушакҳое, ки Эрон тавлид мекунад, барои ҳамли силоҳи ҳастаӣ тарроҳӣ нашудаанд. Зимни ин ки истифода аз қудрати мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дафъи таҳдидҳо ва авомили ноамнӣ алайҳи амнияти Эрон ва минтақа аст. Эрон дар ҳамалоте, ки дар чанд моҳи ахир ба мавозеи террористҳо анҷом дод, нишон дод, ки қудрати мушакии Эрон комилан нуқтазан аст.

Зариф дар ҳамин хусус бо ишора ба ин ки барои тарроҳии мушаки нуқтазан ниёз ба кулоҳакҳои маъмулӣ аст, гуфт: “Эрон низ фақат барои кулоҳакҳои маъмулӣ ин тарроҳиро кардааст, дар ҳоле, ки силоҳҳои истифодашуда барои куштори ҷамъӣ ниёзе ба нуқтазан надорад, аз ин рӯ изҳороти Майк Пампео мисли бақияи изҳороташ ғалат аст”.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Амрико то кунун бо ҷангафрӯзиҳои худ ҷиноятҳои бешуморе алайҳи башарият муртакиб шуда ва аз муҳимтарин авомили барҳамзанандаи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноте дар дидори масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ ба муносибати мабъаси расули акрам (с) изҳор доштанд: “Сиёсати душманони минтақа ва Ислом - тарсонидани кишварҳои исломи аз якдигар аст. Душманон ваҳм дуруст мекунанд то душмани аслиро, ки истикбор ва вобастагони онҳо ва саҳюнист аст, дар ҳошия нигаҳ доранд”.

Иддаои беасоси Пампеоро бояд дар ҳамин росто арзёбӣ кард. Тамаркуз бар таҳднамоии тавони мушакии Эрон сиёсати думанзура талаққӣ мешавад. Ин иддао аз як сӯ бар таҳдид қаламдод кардани зарфияти дифои мушакии Эрон тамаркуз дорад. Аз сӯйи дигар, ҳадаф аз ин таҳдиднамоӣ - фишор бар Эрон бо ҳадафи тазъифи қудрати боздорандагии Эрон аст.

Муассисаи “Американ Интерпройз” моҳи августи 2017 дар гузорише навишт: “Яке аз ҳавзаҳое, ки Эрон дар он ба ниҳояти тахассус расида, тавлиди мушакҳои баллистик аст. Мушакҳои баллистики Эрон меҳвари тавони боздорандагии ин кишвар ҳастанд”.

Имрӯз Эрон яке аз қудратҳои бартар дар сохти таслиҳоти мушакӣ, радарӣ, зиреҳӣ ва паҳподӣ аст ва роҳбурди вазорати дифоъ рӯзомадсозии таҷҳизоти дифоии мавриди истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ ва адами вобастагӣ ба дигар кишварҳо аст.