Дидори раисони маҷолиси Туркия, Афғонистон ва Думаи Русия бо Руҳонӣ
Раисони маҷолиси Туркия, Афғонистон ва Думои Русия имрӯз (шанбе) бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар дидори Биналӣ Йилдирим, раиси маҷлиси Туркия, Абдурауф Иброҳимӣ, раиси маҷлиси Афғонистон ва Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия бо Ҳасани Руҳонӣ, ки ба сурати ҷудогона анҷом шуд, роҳҳои тавсеаи ҳамкории ду ҷониба ва муҳиммтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Ин дидорҳо дар ҳошияи Конфронси раисони маҷолиси шаш кишвари Эрон, Туркия, Чин, Русия, Афғонистон ва Покистон дар Теҳрон анҷом шуд.
Дувумин Конфронси раисони маҷолиси шаш кишвари Эрон, Покистон, Туркия, Чин, Русия ва Афғонистон бо мавзӯи «муқобила бо терроризм ва тақвияти иртибототи дарунминтақаӣ» имрӯз шанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.