Декабр 13, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раисҷумҳури Қазоқистон аз БАРҶОМ

Раисҷумҳури Қазоқистон аз иҷрои комили барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ ҳимоят кард.

Нурсултон Назарбоев пас аз дарёфти эътимодномаи Маҷиди Самадзодаи Собир, сафири ҷадиди Эрон дар Қазоқистон гуфт, Остона аз риояти тавофуқҳои байналмилалии марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ва иҷрои комили он ҳимоят мекунад.  

Раисҷумҳури Қазоқистон афзуд, ҷумҳурии исломии Эрон шарики аслии Қазоқистон дар минтақа аст ва Остона хоҳони густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Теҳрон дар заминаҳои мухталифи тиҷорӣ ва иқтисодӣ аст.

Самадзодаи Собир низ пас аз тақдими эътимодномаи худ ба Нурсултон Назарбоев, равобити Эрон ва Қазоқистонро дӯстона ва бародарона тавсиф ва гуфт, Эрон дар бисёре аз мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ мавозеи мушобеҳе бо Қазоқистон дорад.

 

Барчасп