Густариши муносиботи Эрон бо Осиёи Марказӣ; пуле ба сӯи ҳамгироии авруосиёӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123338-Густариши_муносиботи_Эрон_бо_Осиёи_Марказӣ_пуле_ба_сӯи_ҳамгироии_авруосиёӣ
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои дидору ройзанӣ бо мақомоти Қазоқистон ва Туркманистон ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ сафар мекунад.
(last modified 2025-12-10T09:11:39+00:00 )
Декабр 10, 2025 13:39 Asia/Dushanbe
  • Густариши муносиботи Эрон бо Осиёи Марказӣ; пуле ба сӯи ҳамгироии авруосиёӣ

Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои дидору ройзанӣ бо мақомоти Қазоқистон ва Туркманистон ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Муҳаммадмаҳди Саноӣ, муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳӯр аз сафари 2 рӯзаи Масъди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қазоқистон ва сипас Туркманистон хабар дод. Саноӣ бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Раисиҷумҳур рӯзи чаҳоршанбе (10 декабр) ба манзури анҷоми сафаре ду рӯза озими Қазоқистон ва Туркманистон мешавад.

Вай дар идомаи ин паём овардааст: Раисиҷумҳур дар Қазоқистон дидорҳои расмӣ бо мақомоти олирутба хоҳад дошт. Саноӣ хотирнишон кард, имзои асноду ширкат дар ҳамоиши тиҷорӣ низ дар барномаи сафари раисиҷумҳур хоҳад буд. Пизишкиён илова бар ширкат дар иҷлоси сулҳу эътимод дар Туркманистон, дидорҳое бо мақомоти мухталифи кишварҳои мизбон хоҳад дошт.

Ҳамкории Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар абъоди мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сиёсӣ ва амниятӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳамчунин роҳбурдӣ ҳоизи аҳаммият аст.

Густариши ҳамкориҳои Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва энержӣ аҳаммият дорад, балки буъди роҳбурдии он, низ барои муқобила бо мудохилоти хориҷӣ ва тақвияти амнияти минтақаӣ бисёр зарурӣ аст. Густариши равобит бо кишварҳои Осиё Марказӣ метавонад, Эронро ба ҳалқае калидӣ дар иттисоли шарқу ғарби Осия табдил кунад.

Аз лиҳози иқтисодӣува тиҷорӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ фурсатҳои тиҷорӣ ва содиротии муҳимме барои Эрон фароҳам мекунанд. Эрон низ метавонад масири транзитии муносибе барои содироти нафту гази кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Халиҷи Форс ва Дарёи Уммон бошад.

Густариши равобити Эрон бо Қазоқистону Туркманистон мӯҷиби тавсеаи ҳамкорӣ бо соири кишварҳои минтақа монанди Узбекистон ва Қирғизистон хоҳад шуд. Эрон зарфияти муносибе барои тавсеаи пружаҳои зерсохтӣ, хутути рейлӣ ва ҷодаӣ, ҳавзаи кишоварзӣ ва саноати сабук бо кишварҳои Осиё Марказӣ дорад.

Дар баъди сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкории наздики Эрон бо Қазоқистон ва Туркманистон метавонад ба эҷоди ҷабҳае муштарак барои коҳиши нуфузи хориҷӣ кумак кунад. Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чолишҳое чун терроризм, қочоқи маводи мухаддиру буҳронҳои марзӣ мувоҷеҳанд. Ҳамкории амниятӣ ва иттилоотӣ заминаи муносибе барои маҳори ин таҳдидҳо ба вуҷӯд меоварад.

Дар заминаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои пайвандҳои амиқи забонӣ, мазҳабӣ ва тамаддунӣ ҳастанд, ки ин иштирокот ҳамкориҳои фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва гардишгариро равнақ хоҳад бахшид. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, илмӣ ва тақвияти забони форсӣ, низ мӯҷиби пайванди амиқтар байни ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар Эрон ва муассисоти фарҳангӣ дар Осиё Марказӣ хоҳад шуд.

Ҳузури фаъоли Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва таъомул бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, ҷойгоҳи Эронро дар муъодилоти минтақаии Осиёи Марказӣ ҳамчунин Авруосиё тақвият мекунад.

Сафари раисиҷумҳури Эрон ба Қазоқистону Туркманистон нуқтаи атфе дар равобити Теҳрон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ин сафар на танҳо ба тақвияти муносиботи дуҷониба бо ду кишвари муҳимми минтақа мунҷар мешавад, балки паёми равшане аз азми Эрон барои ҳузури фаъолтар дар муъодилоти геополитикии Осиёи Марказӣ аст.

Сафари Пизишкиён ба Қазоқистону Туркманистон нишон медиҳад, ки Эрон дар пайи таъмиқи равобити чандҷониба бо Осиёи Марказӣ аст; равобите, ки метавонад ба тақвияти амният, тавсеаи иқтисодӣ, афзоиши нуфузи фарҳангӣ ва иртиқои ҷойгоҳи геополитикии Эрон дар Авруосиё низ мунҷар шавад. Ин сафар метавонад оғозгари марҳалае тоза дар муносиботи Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ки паёмадҳои он фаротар аз минтақа, дар кулли ҳавзаи Авруосиё асаргузор хоҳад буд.