Истиқболи Эрон аз натоиҷи музокироти Стокголми Шветсия
(last modified Mon, 17 Dec 2018 11:20:27 GMT )
Декабр 17, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз натоиҷи музокироти Стокголми Шветсия

Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҳамвора роҳи ҳалли гуфтугӯи яманӣ - яманиро пешниҳод мекард, бо ҳимоят аз гуфтугӯҳои Шветсия, аз натоиҷи ин музокирот истиқбол кардааст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр”, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, бо баёни ин ки буҳрони Яман вориди марҳалаи ҷадиде шудааст, гуфт, хезише аз виҷдонҳои бедори ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман оғоз шудааст.

Қосимӣ бо ишора ба тарҳи чаҳормоддаии Эрон, ки дар апрели 2015 барои ҳалли буҳрони Яман ироа шуд, таъкид кард, ин тарҳ яке аз роҳҳое аст, ки метавонад заминаи оромиш ва скботро фароҳам кунад ва шароити нисбатан одитареро ба Яман бозгардонад ва ба мавзӯи таҷовуз хотима диҳад.

Тарҳи Эрон бар асоси чаҳор унсури аслӣ - шомили тарки душманӣ ва оташбаси фаврӣ, ирсоли кумакҳои инсондӯстона, оғози гуфтугӯҳои сиёсӣ байни ҳамаи тарафҳои яманӣ ва ташкили давлати фарогири миллӣ, ироа шуда буд.

Дар музокироти гурӯҳҳои яманӣ дар Шветсия, ки таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид шакл гирифт, қадамҳои мусбате дар ҳамин чорчӯб бардошта шуд. Чаҳорумин даври музокироти сулҳи Яман, ки аз 6 –уми декабр бо ҳузури тарафҳои яманӣ дар Стокголми Шветсия оғоз шуда буд, рӯзи панҷшанбеи 13 декабри соли 2018 бо тавофуқи аввалияи барқарории оташбас дар Алҳудайда ва табодули асирон байни ду тараф поён ёфт. Боз шудани хати ҳавоӣ барои ирсоли дору, ғизо ва эҳтиёҷоти умумии мардум ва назорати амнияти нерӯҳои Созмони Милал бар бандари Алҳудайда, аз ҷумла мафоди ин тавофуқ эълом шудааст.

Даври баъдии музокироти сулҳи Яман қарор аст аз авохири январи 2019 таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид шуруъ шавад.

Пёни ҷанг дар Яман бетардид ниёзманди иродаи ҷаҳонӣ, ба вижа аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ барои таваққуфи иқдомоти ғайриинсонии Арабистон дар Яман аст. Эътилофи Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз 26 марти соли 2015 ба Яман ҳамла ва сипас ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст. Ҳамалоти низомии Арабистон мунҷар ба куштори ҳазорон ғайринизомии яманӣ шудааст. Иқдомоти ғайриинсонии ҳокимони Риёз Яманро то бадтарин марҳалаи фоҷеаи инсонии худ ба пеш бурдааст.

Мишел Бачилет, комиссарт олти ҳуқуқт башарт Созмони Милали Муттаҳид хоҳони поён додан ба ранҷи ғайринизомиён шудааст ва ин ба маънои пазириши воқеиёти талхе аст, ки дар Яман рух дода ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд онро ҷиддӣ бигирад. Дар чунин вазъияте дастёбӣ ба сулҳ дар ростои гуфтугӯҳои яманӣ - яманӣ бисёр дорои аҳамият аст.

Масъуди Гударзӣ, узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ мегӯяд, роҳҳалҳои мардумӣ барои ҳалли буҳрони минтақаӣ ҳамвора натиҷабахш хоҳад буд, ки намунаи онро дар Сурия ва Ироқ дидем ва лозим аст ҳамин мавзеъ дар мавриди Яман ҳам пайгирӣ шавад. Қатъо агар мавзуъ ба гурӯҳҳои яманӣ вогузор шавад, онҳо метавонанд ба тафоҳум бирасанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон муътақид ба роҳи ҳалли сиёсӣ барои поёни ҷанг дар Яман аст. Акнун агарчӣ натоиҷи музокирот дар Шветсия бо назорати Созмони Милалро метавон як гоми муҳим барои поёни ҷанг дар Яман арзёбӣ кард, бо ин ҳол нигарониҳо ҳамчунон вуҷуд дорад. Бояд дид, гомҳои баъдӣ пас аз ин тавофуқ чӣ гуна бардошта хоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти байналмилалии Доҳа, пойтахти Қатар гуфт: Мутаассифона, Арабистони Саудӣ намехоҳад танишҳоро коҳиш диҳад. Дар воқеъ, Арабистони Саудӣ бар ин бовар аст, ки ин дар ростои манофеаш аст, ки танишҳоро афзоиш диҳад.