Январ 07, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Ҳеҷ кишваре наметавонад ба Эрон ҳамла кунад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо таъкид бар тавонмандиҳои дифоии ҷумҳурии исломӣ тасреҳ кард: Эрон онқадар қудратманд аст, ки кишваре наметавонад ба он ҳамла кунад.

Алии Шамхонӣ дар ҳошияи Ҳамоиши байналмилалии дифоъ ва амният дар ғарби Осиё дар гуфт: Эрон нерӯе дар сатҳи минтақа надорад, ки бихоҳад, онро хориҷ кунад. Мардуми Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Яман худашон аз кишварашон дифоъ мекарданд ва нерӯҳои Эрон, мусташирони низомӣ буданд, ки танҳо ба онҳо мушовира медоданд.

Шамхонӣ дар бораи музокираи Амрико бо Эрон низ гуфт: Амрикоиҳо собит кардаанд, ки қобили эътимод нестанд ва таърихи музокирот ҳам ин мавзуъро тайид мекунад.

Вай гуфт: Амрико бо хусусиёти феълӣ наметавонад тарафи музокира бо кишваре қарор бигирад.

Шамхонӣ дар бораи музокироти Эрон бо Толибон ва давлати Афғонистон низ хотирнишон кард: Эрон дарсадади кумак ба давлати Афғонистон барои расидани ин кишвар ба сулҳ ва субот аст.

Ҳамоиши байналмилалии дифоъ ва амният дар ғарби Осиё бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, дифоӣ, амниятӣ ва соҳибназароне аз Осиё ва Аврупо душанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.