Сентябр 15, 2016 10:11 Asia/Dushanbe
  • Вазнабардори эронӣ бо шикастани тамоми рекордҳо, тиллои паралимпиро баргардан овехт

Намояндаи дастаи фавқусангини вазнабардории Эрон дар Бозиҳои паралимпӣ-2016 Рио муваффақ ба касби медали тилло шуд.

Дар идомаи мусобиқоти ҳафтумин рӯз аз Бозиҳои паралимпӣ- 2016 ва дар охирин рӯз аз рақобатҳои вазнабардорӣ, Сиёманди Раҳмон-вазнабардори эронӣ, дар дастаи +107 килограм бо сабти вазнаи 270 килограмӣ дар ҳамон ҳаракати нахуст, зимни сабти рекорди паралимпӣ ба номи худ, медали тиллояшро қатъӣ кард.

Раҳмон дар ҳаракати дувум бо интихоби вазнаи 300 килограмӣ бори дигар қасди рекордшиканӣ кард, то ин бор рекорди ҷаҳонро, ки бо 296 килограм дар мусобиқоти ҷаҳонии Аморот, дар ихтиёри худаш будро низ бишиканад, ки ба роҳатӣ тавонист ин рекордро ҳам ҷоба ҷо кунад.

Вай барои ҳаракати севуми худ вазнаи 305 килограммиро супориш дод, то бори дигар ба рекорди ҷаҳон ва паралимпӣ ҳамла кунад, ки ин бор низ ба роҳати вазнаро боло бурд, то барои севумин мартаба рекордшиканӣ карда бошад.

Қавитарин марди паралимпии ҷаҳон дар ҳаракати чаҳорум, вазнаи 310 килоиро барои рекордшиканӣ интихоб кард ва ин вазнаро боло бурд.

Тиллои Сиёманди Раҳмон, шашумин тиллои корвони варзишии Эрон бо номи "шаҳидони Мино" дар Бозиҳои паралимпии Рио буд.

Пеш аз ин ва дар ҳамон рӯзи ҳафтуми Бозиҳои паралимпии Рио, хонум Сора Ҷавонмардӣ- намояндаи тирандози Эрон дар намуди тапончаи сабуки 50 метрии микс муваффақ шуд, зимни рекордшиканӣ, дувумин медали тиллои худ дар ин бозиҳо, ва панҷумин медали тиллои корвони варзиши Эронро касб кунад.