Феврал 03, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • Имзои тасвибномаи эҷоди минтақаи тиҷорати озод бо Эрон дар Бишкек

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон тасвибномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Эронро имзо кард.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хорҷаи Қирғизистон эълом кард, тасвибномаи эҷоди минтақаи тиҷорати озод байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Эрон, ки рӯзи шанбе ба дасти Сооронбай Жээнбеков имзо шуд, 10 рӯз пас аз интишори расмӣ лозим ба иҷро аст.

Тасвибномаи эҷоди минтақаи тиҷорати озод байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё пештар низ дар таърихи 17 майи 2018 дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон имзо шуда буд.

Тавофуқномаи эҷоди минтақаи озод, ки дар миёнаҳои соли гузашта дар чорчуби ҳамоиши иқтисодии Остона имзо шуда буд, ҳамакнун раванди тасвиб дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро тай мекунад.

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё як иттиҳодияи иқтисодӣ аст, ки аъзои он бештар кишварҳои шимоли минтақаи Авруосиё, дар шарқи Аврупо ҳастанд.

 

Барчасп