Феврал 11, 2019 16:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷилваҳои вижаи роҳпаймоии мардуми Эрон дар солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ

Роҳпаймоии мардуми саросари Эрон дар чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, бо вижагиҳо ва ҷилваҳои вижае ҳамроҳ буд, ки мавриди истиқболи роҳпаймоён қарор гирифт.  

Имрӯз душанбе 22 баҳман,11 феврали 2019 солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст.

Намоиши мушакҳои “Қадр” бо бурди 2 ҳазор километр, “Зулфиқор” бо бурди 800 километр ва низ мушаки “Қиём” бо бурди 700 километр дар масири роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон аз муҳимтарин ҷилваҳои вижаи роҳпаймоии 22 баҳман буд.

Ҳамчунин намоиши анвои мушакҳои замин ба замин, сатҳ ба ҳаво ва ҳаво ба замин, анвои мошинҳои зиреҳӣ ва нафарбарҳои сохти дохил ва соири таҷҳизоти дифоии сохти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ дар масири роҳпаймоии бошукӯҳи 22 баҳман дар Теҳрон бо истиқболи мардум рӯ ба рӯ шуд.

Иҷрои суруди вижаи чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо ҳузури 1397 нафар дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон, амалиёти намоиши ҳавоӣ ва фуруди чатрбозони нерӯҳои мусаллаҳ, ҳузури варзишкорон бо либосҳои ҳамшакл дар роҳпаймоӣ ва ҳамли тасовире аз Закариё Бадралӣ Алҷобир, кӯдаки 6 солаи шиаи арабистонӣ, ки ахиран ба дасти як ваҳҳобии саудӣ ба таври фаҷее ба шаҳодат расид, барпоии намоишгоҳҳои акс аз дастовардҳои инқилоб, истгоҳҳои салавотӣ дар масири роҳпаймоӣ, оташ задани арусакҳои Трамп ва Нетаняҳу, аз ҷумлаи вижагиҳо ва ҷилваҳои вижаи маросими имрӯзи роҳпаймоии 22 баҳман буд.

Бархе ҳунармандони наққош низ дар масири роҳпаймоӣ вақоеи пирӯзии инқилобро ривоятгирӣ ва тасвирнигорӣ карданд.

 

Барчасп