Март 07, 2019 19:52 Asia/Dushanbe
  • Машваратҳои ҳуқуқии Эрон ва Русия барои муқобила бо таҳримҳо

Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар нахустин давр аз машваратҳои ҳуқуқии худ, роҳкорҳои ҳуқуқӣ барои муқобила бо таҳримҳои якҷонибаро баррасӣ карданд.

Ин мавзӯа дар нишасти Аббос Боқирпури Ардаконӣ, мудири кулли ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон ва Евгений Зюганов ҳамтои руси ӯ дар Маскав, мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Гуфтанист, дар ҷараёни ин ройзаниҳо, ду тараф масоили мухталифи ҳуқуқӣ-байналмилалиро мавриди баҳсу табодули назар қарор дода ва зимни таакид бар мавозеи ҳуқуқии муштараки ду кишвар дар хусуси масоили байналмилалӣ ва зарурати тақвияти рӯйкарди кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар ин масир, пиромуни бархе мавзӯот аз ҷумла шиносоӣ ва густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаи ҳуқуқӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ва роҳкорҳои ҳуқуқии муқобила бо таҳримҳои якҷониба табодули назар карда ва иддеаҳои корбурдӣ дар ин масирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафайн ҳамчунин бар истимрори муназзами ройзаниҳои ҳуқуқӣ байни ду кишвар ва баргузории даври баадии музокирот дар Теҳрон ба тавофуқ расиданд.

Гуфтаниаст, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо эаломи хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ, дастури бозгашти таҳримҳои фаромиллии Амрико алайҳи Эронро содир кард.

Мақомоти Эрон борҳо эалом кардаанд, ки Амрико пештар ҳар ончи метавониста алайҳи миллати Эрон анҷом додааст ва изҳороти баадии мақомоти Амрико ҷанги равонӣ аст.

 

Барчасп