Устоди эронӣ ҷоизаи илмии Бритониёро касб кард
(last modified Sun, 10 Mar 2019 14:00:11 GMT )
Март 10, 2019 19:00 Asia/Dushanbe
  • Устоди эронӣ ҷоизаи илмии Бритониёро касб кард

Муассис ва раиси гурӯҳи пажӯҳишии коркарди обзиёни Донишкадаи кишоварзии Донишгоҳи Шероз, маркази устони Форс, ҷануби Эрон Ҷоизаи улуми суффриҷи соли 2019-и Бритониёро дарёфт кард.

Ба гузориши ИРНА, Марзияи Мусавинасаб, устоди Донишгоҳи Шероз, ки таҳқиқоти фаровон ва боарзише дар ҳавзаи микробиология ва биотехнологияи ғизоӣ, микробиологияи саноатӣ ва технологияи моҳипарварӣ дошта ва дар ин росто беш аз 250 мақолаи илмӣ мунташир кардааст, муваффақ ба дарёфти Ҷоизаи улуми суффриҷ-2019-и Бритониё шуд. Пеш аз Мусавинасаб Зуҳраи Азимифар, донишёри Донишкадаи муҳандисии барқ ва компютери Донишгоҳи Шероз Ҷоизаи улуми суффриҷро дар соли 2017 дарёфт карда буд.

Ҷоизаи улуми суффриҷ (Suffrage in Science and Technology) бо ҳадафи муаррифии муваффақиятҳои илмии занон ва ангезабахшӣ ба ҷомеаи бонувон дар заминаи вуруд ба фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ ҳар ду сол якбор аз як бонуи донишманд ба бонуи илмии дигаре мунтақил мешавад. Ҷоизаи улуми суффриҷ мавриди ҳимояти донишгоҳҳо ва марокизи таҳқиқотии бартари Бритониё, аз ҷумла Империал Коллеҷ ва АйБиЭм (IBM) ва Маркази таҳқиқоти пизишкии Лондон дар дастабандиҳои улумпоя, муҳандисӣ ва улуми пизишкӣ аст.