Март 24, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати сели вайронгар дар шимоли Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҳодисаи сели вайронгар дар устонҳои Гулистон ва Мозандарон, дар шимоли Эрон,бар кумакҳои мардумӣ ва вуруди дастгоҳҳои умумӣ ба имдоди мардуми осебдида таъкид карданд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи шанбе дар паёме бо ибрози таассуфи амиқ аз хисороти воридаи сели вайронгар дар устонҳои Гулистон ва Мозандарон фармуданд: Кумакҳои мардумӣ ва вуруди дастгоҳҳои умумӣ ба арсаи имдод ва ҷуброни хисоратҳо вазифаи муҳимме аст, ки метавонад гӯшае аз дарду мушкилоти он мардумро бартараф кунад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба мушкилоти бархоста аз сел дар устони Хузистон, дар ҷанубу ғарби Эрон, афзуданд: Ҳама вазифа доранд ба кумаки селзадагон дар устонҳои мухталифи кишвар бишитобанд.

 Дар ҳамин ҳол Ҳасани Руҳонӣ- Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дастур дод,ки имконоти лозими пуштибонӣ барои рафъи мушкилоти обгирифтагӣ дар устони Гулистон фароҳам ва иқдомоти лозим барои рафъи ниёзҳои селздагон дар ин манотиқ муҳайё шавад.

 Дар рӯзҳои ахир ба далели бориши пайдарпаи борон дар шимоли Эрон, ба хусус устонҳои Мозандарон ва Гулистон, мардуми шаҳрҳо ва рустоҳои ин ду устон бо мушкили сел ва обгирифтагии шадид мувоҷеҳ ва дучори хисороте шудаанд.