Паёми твиттерии огоҳибахши Зариф ба аъроб: Дар баробари Трамп муттаҳид бошед
(last modified Sat, 30 Mar 2019 08:14:09 GMT )
Март 30, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми твиттерии огоҳибахши Зариф ба аъроб: Дар баробари Трамп муттаҳид бошед

Вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми ғайриқонунии раисҷумҳури Амрико дар бораи Ҷавлони ишғолии Сурия, ба аъроб ҳушдор дод, ҳар қадар ҳам ибрози сарсупурдагӣ кунанд ҳам, Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон сарзаминҳои ононро ғасб хоҳанд кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар твитте навишт, эълони худсаронаи Доналд Трамп дар бораи Ҷавлони ишғолии Сурия баъд аз эълони соли гузаштааш дар бораи Қудси ишғолӣ, як ҳушдор ба миллатҳои араб ва мусулмон аст. Вазири хориҷаи Эрон дар поёни твити худ хитоб ба аъроб ва мусулмонон навишт: “Биёед муттаҳид шавем”.

Раисҷумҳури Амрико 25 марти соли 2019 дар иқдоме хилофи муқаррароти байналмилалӣ ва нақзи ошкори қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҳукмеро имзо кард, ки бар асоси он Вашингтон ҳокимияти ҷаълии режими саҳюнистиро бар баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия ба расмият мешиносад.

Ин иқдоми якҷонибаи раисҷумҳури Амрико, ки бо маҳкумияти ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, ҳамзамон Амрикоро дар нишасти Шӯрои амният бори дигар мунзавӣ кард. 14 узви Шӯрои амният ахиран бо тасмими Доналд Трамп барои ба расмият шинохтани ҳокимияти режими Исроил бар баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия мухолифат карданд.

Бар асоси қатъномаҳои 242 ва 497 Шӯрои амнияти Созмони Милал, минтақаи Ҷавлон -, сарзамине арабӣ ва мутааллиқ ба Сурия аст. Бар асоси Қатъномаи 497, ки дар соли 1981 ба тасвиби Шӯрои амният расид, аксари аъзои ин шӯро, азҷумла Амрико ба он раъй доданд. Ин қатънома тасмими режими саҳюнистӣ ва иқдомоти онро дар бораи Ҷавлони ишғолии Сурия ба таври мутлақ рад кардааст.

Иқдоми Трамп дар машрӯиятбахшӣ ба ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар минтақаи Ҷавлони ишғолии Сурия, ба сабаби сиёсати сарсупурдагӣ ва боҷдиҳии бархе аъроб ба Амрикост, ки бо вуруди трамп ба Кохи Сафед ба авҷи худ расидааст. Трамп декабри 2017 ҳам эълом кард, сафорати Амрикоро аз Тел -Авив ба Қудси ишғолӣ мунтақил мекунад, ки 14 майи 2018 ин тасмимро амалӣ кард.

Акнун иқдоми раисҷумҳури Амрико зидди Ҷавлони ишғолии Сурия дар сояи тарҳи “муомилаи қарн” шакл гирифтааст, ки дар чорчӯби сиёсати аъроби созишкор бо Исроил, азҷумла Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн пиёдасозӣ шудааст. Дар ҳамин замина, дар замони ҳукми ҷанҷолии Трамп зидди Ҷавлони ишғолии Сурия, Анвар Қарақош, вазири мушовир дар умури хориҷии Иморот гуфт, аз солҳо пеш тасмими арабӣ барои худдорӣ аз робитаи мустақим бо Исроил гирифта шуд, аммо акнун мушаххас шудааст, ин тасмим комилан иштибоҳ буд.

Дар баробари сарсупурдагии бархе аъроб ба Амрико ва дӯшидани онон тавассути Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико беш аз пеш аз режими саҳюнистӣ ҷонибдорӣ кардааст. Ба сабаби ҳамин ҳимоят ва ҷонибдории Амрико, бахше аз минтақаи Ҷавлон, ки яке аз муҳимтарин манотиқи роҳбурдӣ дар минтақаи ғарби Осиёст, ҳамчунон таҳти ишғоли саҳюнистҳост.

Мукаррам Муҳаммад Аҳмад, коршиноси масоили сиёсӣ рӯзи чаҳоршанбе дар пойгоҳи мисрии “Ал-Аҳром” навишт: “Тасмими Трамп зидди минтақаи Ҷавлони ишғолии Сурия, аз сӯинияти давлати феълии Амрико дар қиболи арабҳо парда бардошт ва ба ин масъала ишора дорад, ки дар ояндаи наздик хатарҳои зиёде барои минтақаи арабӣ вуҷуд дорад, ки ин вазъият мусталзими ҳамбастагии кишварҳои арабӣ ва такяи онон ба худ аст.

Раисҷумҳури Амрико дар бархурд бо масоили минтақаи ғарби Осиё, ҷонибдории мутлақ аз режими Исроилро бо ҳадафи зарар расонидан ба ҳуқуқи аъроб дар пеш гирифтааст. Таҳаррукоти давлати Трамп аз декабри 2017 то кунун ба зарари манофеи аъроб ва мусулмонон будааст. Бетафовутии бархе аъроб дар баробари интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудси ишғолӣ, давлати кунунии Амрикоро ташвиқ кард, гом хатарнокеро бо эълони худсарона зидди Ҷавлони ишғолии Сурия бардорад.

Ин рӯйкарди давлати Трамп ба нафъ ҳеҷ як аз аъроб нахоҳад буд ва тазъифи кишварҳои арабӣ бо ҳадафи ҳифзи амнияти шиканандаи режими саҳюнистӣ, сиёсати қатъии Амрикост. Дар чунин шароите, ҳамбастагӣ ва ваҳдати аъроб ва мусулмонон барои дифоъ аз ҳуқуқи қонунии худ, танҳо роҳ дар баробари идомаи ғасби сарзамини аъроб тавассути Исроил ва Амрикост.