Тахтравончӣ: Ҳарфи амрикоиҳо дар дохил бо беруни музокира фарқ дорад
(last modified Fri, 23 May 2025 11:31:02 GMT )
Май 23, 2025 16:31 Asia/Dushanbe
  • Тахтравончӣ: Ҳарфи амрикоиҳо дар дохил бо беруни музокира фарқ дорад

Порс-Тудей. Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, мавозеи амрикоиҳо дар бораи масоили ҳастаии Эрон мутаноқиз аст.

Маҷиди Тахтравончӣ дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи олмонии “Шпигел”, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, гуфт, ки мавзеъгирӣ ва изҳороти мақомҳои амрикоӣ дар дохили утоқи музокира бо изҳороту мавозеи онҳо дар берун аз мизи музокира бо ҳам мутафовит аст.

Вай ҳушдор дод, ки идомаи рӯйкарди кунунии Вашингтон метавонад музокироти Эрону Амрикоро бо шикаст мувоҷеҳ кунад.

Тахтравончӣ таъкид кард, агар Амрико бар ғанисозии сифр исрор кунад, музокирот ба натиҷа нахоҳад расид.

Муовини вазири хориҷаи Эрон афзуд, ғанисозӣ бахше калидӣ аз дастовардҳои миллати Эрон аст ва Теҳрон ҳаққи худро барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ ҳифз хоҳад кард.