Бахшҳое аз ғарби Эрон зери об рафт + видео
Боришҳои шадиди дирӯз ва имрӯз дар ғарб ва ҷануби ғарби Эрон сабаб шуд бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳо дар ин манотиқ ба зери об бираванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳо дар ғарб ва ҷануби ғарби Эрон ҳушдори селоб дода шуда ва аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ба манотиқи амн бираванд.
Устони Луристон дар ғарби Эрон бештарин осебҳоро аз борандагии шадид дидааст.
Бисёре аз рустоҳо ва бархе шаҳрҳо, азҷумла Хуррамобод, маркази ин устон гирифтори селоб шудаанд ва бархе садҳои ин устон низ саррез кардаанд.
Дар минтақаи Маъмулон, дар шаҳристони Пулидухтар, дар устони Луристон баландии об ба пушти боми хонаҳо расидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки борандагӣ дар Луристон ҳамчунон идома дорад.
Дар устони Ҳамадон низ боришҳои 24 соати ахир дар сӣ соли гузашта бесобиқа будааст ва сабаб шуда то манотиқе аз ин устон дучори сел шавад.
Аммо бештарин нигарониҳо дар бораи сел ба устони Хузистон марбут аст, зеро чанд рӯдхонаи бузург аз ин устон мегузарад ва садҳои рӯйи ин рӯдхонаҳо дар ҳоли пур шудан ҳастанд.
Дар шаҳри Аҳвоз, маркази устони Хузистон, бо боло омадани оби рӯди Корун, поркҳои соҳилӣ ба зери об рафтаанд.
Устонҳои дигар, азҷумла Элом, Қазвин ва Кирмоншоҳ низ аз осеби сел дар амон намондаанд.
Дар устони Кирмоншоҳ туғёни рӯдхонаи Гомосёб, дар маҳдудаи шаҳристони Ҳарсин сабаб шуд чанд русто дар ин шаҳристон ба далели хатари сел тахлия шаванд.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳурии Эрон, ки бино буд дирӯз аз устони Луристон ба Элом сафар кунад, ба далели баста шудани роҳҳо ва лағви парвозҳо натавонист ба Элом биравад ва ба ҷойи он бо мошин ба устони Хузистон рафт то аз наздик бар раванди иқдомоти пешгирона дар баробари сел дар ин устон назорат кунад.