Апрел 11, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Чин ва Аврупо аз БАРҶОМ, бетаваҷҷуҳии ҷаҳон ба Амрико

Кишварҳои Чин ва Иттиҳоди Аврупо якбори дигар эълом карданд, ки ба тааҳҳудоташон дар қиболи тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон ба вуҷуди паймоншикании Амрико, пойбанд ҳастанд мавзӯе, ки нишон медиҳад ҷаҳон бетаваҷҷуҳ ба иқдомоти кинатузонаи Амрико алайҳи Эрон, ҳамчунон аз Теҳрон ҳимоят мекунад.

Ин тавофуқ дар шароите сурат мегирад, ки Аврупо ва Чин ҳарду ба шиддат аз коркарди сиёсати хориҷии Амрико дар қиболи Эрон, норозӣ ҳастанд ва аз ҳар фурсате барои эъломи тааҳҳуд ба БАРҶОМ истифода мекунанд.

Аврупо, Чин ва Русия дар ҳар нишасте, ки байни онҳо баргузор мешавад, ҳимоят аз масъалаи ҳастаии Эронро матраҳ мекунанд ва таъкид меварзанд ба БАРҶОМ пойбанд ҳастанд ва аз ҳамаи тарафҳо ҳам мехоҳанд ба он пойбандӣ нишон диҳанд.

Дар воқеъ тавофуқе, ки дар соли 2015 ҳосил шуд аз дидгоҳи ин кишварҳо ҳам ба манъи густариш кумак мекунад ва ҳам як улгӯи муҳим дар ҳалли як мавзӯъ бо тамаркуз бар дипломосӣ аст.

Аз сӯи дигар тавофуқе, ки ин бор дар қолаби баёнияи Аврупо ва Чин дар Брюссел ҳосил шуд ба ин маъно аст, ки онҳо бо иқдомоте, ки давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико алайҳи БАРҶОМ анҷом медиҳад, мувофиқ нестанд.

Таъкид онҳо бар порае аз масоил аз ҷумла эъломи пойбандӣ ба БАРҶОМ, дархост барои нигаҳдори аз ин тавофуқ ва ҳамчунин ҳифозат аз Паймони таҳаввулоти иқлимӣ, ошкоро нишондиҳандаи ихтилофоти Чин ва Аврупо бо Трамп аст, зеро ӯ аз ҳар ду тавофуқ хориҷ шудааст.