Депломати фаронсавӣ: тасмими Эрон дар БАРҶОМ бо диққат барномарезӣ шудааст
(last modified Thu, 09 May 2019 07:56:03 GMT )
Май 09, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Депломати фаронсавӣ: тасмими Эрон дар БАРҶОМ бо диққат барномарезӣ шудааст

Сафири собиқи Фаронса дар Эрон тасмими барҷомии ин кишварро барномарезишуда хонд ва гуфт Эрон намехоҳад дар доми Амрико биафтад.

Франсва Николо сафири Фаронса дар Эрон дар солҳои 2001 то 2005, рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник гуфт, тасмими Шурои олии амнияти миллии Эрон бо ҳадафи ташдиди вазъият нест, балки бо диққат ва дар посух ба таҳримҳои физояндаи Амрико иттихоз шудааст.

Николо афзуд, иқдоми Эрон ҳушдоромез ва дар айни ҳол дар чорчуби депломатик ва тавофуқи БАРҶОМ дар Вена аст, тавофуқе, ки бар имкони иқдомоти нав дар сурати пойбанд набудани ҳар як аз тарафҳо ба таъаҳудоти худ саҳҳа гузоштааст.

Николо дар мавриди зарбулаҷали 60 рӯзи Эрон ба тарафҳои БАРҶОМ гуфт, тарафҳои аврупоӣ дар вазъи сахте қарор доранд, чаро ки дар сояи таҳримҳои амрикоӣ наметавонанд ба роҳатӣ бо Эрон таомул кунанд.

Сафири собиқи Фаронса дар Эрон ибрози умедворӣ кард ин кишвар ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ маҷбур нашавад.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе 8 май дар нахустин солгарди хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бо ишора ба кутоҳии Аврупо дар ҷуброни ҳазинаҳои ин хуруҷ эълом кард, Эрон дар чорчуби БАРҶОМ ду таъаҳуди худро мутаваққиф мекунад.

Шурои олии амнияти милии Эрон ҳам дар баёнияе эълом кард, Теҳрон аз рӯзи чаҳоршанбе бархе иқдомоти худро дар БАРҶОМ мутаваққиф мекунад ва ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ 60 рӯз барои иҷрои таъаҳудҳои худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат медиҳад.