Дархости Макрон аз Эрон барои иҷрои комили БАРҶОМ
(last modified 2019-05-09T13:03:45+00:00 )
Май 09, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости Макрон аз Эрон барои иҷрои комили БАРҶОМ

Раисиҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба иқдоми БАРҶОМ-ии Эрон, аз ин кишвар хост то ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар ин тавофуқ пойбанд бимонад.

Бино бар гузориши шабакаи Раша Тудей, Эммануэл Макрон бо ишора ба нишасти рӯзи панҷшанбеи мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар ин бора гуфт: Эрон, пойбандии худро ба тааҳҳудоти зайли тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, идома диҳад.

Макрон дар айн изъон кард, ки бояд ҳар ончӣ барои ҳифзи БАРҶОМ ниёз аст, анҷом шавад.

Макрон ҳамчунин бо тарҳи ин, ки масъалаи мушакии Эрон бояд ҳал шавад, тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ-ро ноқис хонд ва унвон кард, ки ин тавофуқ бояд такмил шавад.

Макрон дар ҳоле хостори пойбандии комили Эрон ба тааҳҳудоти БАРҶОМ-иаш шуд, ки дар як соли гузашта пас аз хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқи ҳастаӣ, тарафҳои аврупоӣ аз ҷумла Фаронса барағми ваъдаҳое, ки доданд, иқдоми амалии малмусе барои ҳифзи манофеи Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ ва дар қиболи таҳримҳои Амрико анҷом надоданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (8 май) дар нахустин солгарди хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бо ишора ба кӯтоҳии Аврупо дар ҷуброни ҳазинаҳои ин хурӯҷ эълом кард, Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ ду тааҳҳуди худро мутаваққиф мекунад, то аврупоиҳо кӯтоҳии худро дар муддати 60 рӯз ҷуброн кунанд.  

Рӯҳонӣ таъкид кард, ҳар гуна музокираи эҳтимолӣ бо аврупоиҳо дар ин муддат дар чорчӯби тавофуқи кунунии БАРҶОМ; "на як калима камтар ва на як калима бештар" хоҳад буд.

Иттиҳоди Аврупо имрӯз (панҷшанбе) дар баёнияе зимни аз ибрози таассуфи муҷаддад аз таҳримҳои зиддиэронии Амрико дар пайи хурӯҷ аз ин тавофуқ эълом кард, ки умедвор аст, Теҳрон ба созукорҳо ва чорчӯбҳои БАРҶОМ шомили "комиссюни муштарак" идома диҳад.

 

Барчасп