Тахтиравончӣ: Эрон гуфтугӯ бар пояи зӯру таҳдидро намепазирад
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: «Эрон гуфтугӯ бар пояи зӯру таҳдидро намепазирад».
Маҷиди Тахтиравончӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN гуфт, Амрико ҳамакнун дар ҳоли фишор овардан бар Эрон аст ва чӣ гуна интизор дорад, ки Теҳрон пешниҳоди музокираро таҳти ин фишорҳо бипазирад.
Тахтравончӣ дар бораи гузориши бархе расонаҳо мабнӣ бар ин ки Вашингтон қасд дорад, 120 ҳазор нерӯ барои муқобила бо Эрон ба Ховари Миёна эъзом кунад, тасреҳ кард, аз назари Эрон, ин гуна иқдомот ҷанги равонӣ аст ва Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ ба дунболи эҷоди даргирӣ нест, чаро ки ҳеҷ кас аз вуқӯи чунин даргирӣ дар минтақа нафъ намебарад.
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ин ки Эрон ба дунболи дастёбӣ ба таслиҳоти ҳастаӣ аст, таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест, зеро онро хилофи дин ва эътиқод медонад ва таслиҳоти ҳастаӣ ҳеҷ ҷойгоҳе дар докторинаи дифоии Эрон надорад.