Сентябр 18, 2016 18:41 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фармондеҳони Сипоҳи посдорон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сипоҳро "сангари мустаҳками инқилоб" ва "унсури шохиси дифоъ аз амнияти дохилӣ ва хориҷӣ" донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори ширкаткунандагон дар ҳамоиши саросарии фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, бо таъкид бар ҳифзи ҳуввияти сипоҳ фармуданд: "Ҳифз ба маънои таваққуф дар замон нест, балки бояд ҳамгом бо тағйири абзорҳо ва пешрафтҳои душман, сипоҳ низ ба пешрафтҳои худ дар арсаҳои илму фановарӣ ва навовариҳо қонеъ набошад ва ҳаракати рӯ ба пеш мутаваққиф нашавад".

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, эшон амниятро мавзӯи бисёр муҳим ва заминасози пешрафти маънавӣ ва моддии ҷомеа хонданд ва афзуданд: "Аз ҷумлаи вазоифи сипоҳ, таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ аст ва агар амнияти хориҷӣ вуҷуд надошта бошад ва дар хориҷ аз марзҳо пеши душман гирифта нашавад, амнияти дохилӣ ҳам аз байн хоҳад рафт".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба нақши улгӯ ва ояндасози миллати Эрон дар таҳаввулоти ҷаҳонӣ фармуданд: "Агар масъулон ва мардуми Эрон битавонанд иқтисоди муқоваматиро ба маънои воқеӣ амалӣ кунанд, кишварҳои дигарро низ наҷот додаанд ва барои онҳо улгӯ хоҳанд шуд".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иллати асабонияти душманон аз миллати Эронро вижагии илҳомбахши ҷумҳурии исломӣ донистанд ва афзуданд: "Ҳаракати миллати Эрон бо вуҷуди анбӯҳи фишорҳо, таҳримҳо ва таҳдидҳо рӯз ба рӯз шаффофтар ва шуҷоонатар ва ниҳоли поку мубораки инқилоби исломӣ ҳар рӯз тановартар шудааст".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома аз аҷзои муҳими қудрати нарми ҷумҳурии исломиро беэътимодии мутлақ ба қудратҳои султагар ва дар раъси онҳо Амрико донистанд ва таъкид карданд: "Ин беэътимодӣ бояд рӯз ба рӯз густариш ёбад".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ беэътимодии мутлақ ба Амрикоро натиҷаи ақлонияти ношӣ аз фикр ва умқу таҷриба донистанд ва гуфтанд: "Мавзӯи душмании Амрико дар тӯли солҳои гузаштаи баъд аз инқилоби исломии Эрон ва дар қазоёи ахири музокироти ҳастаӣ ва дар масоили дигар дида шуда ва музокира бо Амрико на танҳо фоида надорад, балки зарар ҳам дорад".

 Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон ҳамчунин хитоб ба бархе кишварҳои минтақа афзуданд: "Агар ҳушёр набошанд ва тарфанди низоми султаи Амрикоро дарк накунанд ва фиребу лабханди онҳоро бихӯранд, онҳо ҳам мумкин аст 50 ё ҳатто 100 сол ақиб биуфтанд".

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: "Ҳадафи исрори Амрико барои музокира бо Эрон дар бораи масоили минтақаи ғарби Осиё, ба вижа Сурия, Ироқ, Лубнон ва Яман ҷуз ҷилавгирӣ аз ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа ба унвони омили аслии нокомиҳои Амрико нест".