Май 20, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Зариф ба раисҷумҳури Амрико дар бораи таҳдиди Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон бо радди таҳдиди ахири раисҷумҳури Амрико зидди Эрон изҳор дошт, ҳамон тавр, ки Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва дигар муҳоҷимон натавонистанд Эронро аз байн бибаранд, Трамп низ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар Твиттер навишт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо таҳрики тими Ҷон Болтон, Бенёмин Натанёҳу, Муҳаммад бин Салмон (валиаҳди Арабистон) ва Муҳаммад бин Зоид (валиаҳди Иморот), умедвор ба дастёбӣ ба чизе аст, ки ғосибон натавонистанд ба он даст ёбанд.

Вазири хориҷаи Эрон бо ҳушдор ба Трамп дар бораи таҳдиди Эрон изҳор дошт, Эрон барои ҳазорон сол побарҷо боқӣ мондааст, аммо ғосибон ҳама канор рафтаанд.

Зариф афзуд, терроризми иқтисодӣ ва таъна задан дар бораи наслкушӣ боиси “поён додан ба Эрон” нахоҳад шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бомдоди душанбе дар идомаи лаффозиҳо алайҳи Эрон, дар паёме твиттерӣ Эронро ба ҷанг ва нобудӣ таҳдид кард.

 

Барчасп