Мусавӣ: Омодагии дифоии Эрон монеи таҳаққуқи хостаҳои ошӯбталабон мешавад
(last modified Wed, 29 May 2019 13:09:46 GMT )
Май 29, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Омодагии дифоии Эрон монеи таҳаққуқи хостаҳои ошӯбталабон мешавад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ҷангталабону ошӯбталабон бояд бидонанд, сабри роҳбурдӣ, ҳушёрии боло ва омодагии комили дифоии Эрон монеи амалӣ шудани хостаҳои шуми онҳо барои эҷоди ҳарҷу марҷ дар минтақа хоҳад шуд.

Сайид Аббоси Мусавӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба иддаои Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати Амрико дар хусуси даст доштани Эрон дар ҳамлаи ахир ба чанд киштӣ дар бандари Алфуҷайраи Иморот, ин иддаоро шадидан рад ва онро аз барномаҳои бофтаи зеҳнӣ ва сиёсатҳои мухарриби тими зиддиэронии “Б” донист.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, тарҳи чунин иддаое музҳик дар дидори ду нафар аз аъзои тими “Б”, ки рӯйкардҳои зиддиэронии онҳо собиқае тӯлонӣ дорад, амри аҷибе нест.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон пештар эълом кард, гурӯҳе муташаккил аз Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Бин Салмон (Муҳаммад), валиаҳди саудӣ ва Бин Зоид (Муҳаммад), валиаҳди Абудабӣ талош мекунанд то дар минтақа даргирии низомӣ эҷод кунанд.

Ҷон Болтон, ки ба Абудабӣ сафар кардааст, дар ҷамъи хабарнигорон дар сафорати Вашингтон дар иддаое беасос гуфт, тардид надорад Эрон пушти моҷарои ҳамла ба чанд нафткаш дар бандари Фуҷайра дар Иморот қарор дорад.