Раҳбари муаззами инқилоб: дифоъ аз мардуми Фаластин ҷанбаи инсонӣ ва динӣ дорад
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори ҳазорон нафар аз устодон ва аъзои ҳайъатҳои илмии донишгоҳҳо, бо таъкид бар инки дифоъ аз миллати Фаластин ҳам ҷанбаи инсонӣ дорад ва ҳам ҷанбаи динӣ ва шаръӣ хотирнишон карданд бархе дунболаҳои Амрико барои ҷо андохтани Муомилаи қарн дар ҳоли талошанд, аммо Амрико ва дунболаҳояш дар ин қазия ҳам шикаст хоҳанд хурд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи Қудси имсолро аз ҳар соли дигар муҳимтар донистанд ва гуфтанд, далели ин аҳамияти музоаф, иқдомоти хиёнатбори Амрико ва дунболаҳои он дар минтақа барои ҷо андохтани Муомилаи қарн аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тафовути шароити кунунии қазияи Фаластинро бо гузашта дар адабиёт ва лаҳни сареҳи Амрико ва дунболаҳояш барои ҳазфи мавзӯъи Фаластин донистанд ва афзуданд, бинобарин роҳпаймоии рӯзи Қудс, ки дифоъ аз Фаластин ба василаи ҳузури мардумӣ аст имсол муҳимтар аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон бо ишора ба ҷанҷоли расонаҳои хориҷӣ дар бораи музокира гуфтанд мақсуди онҳо аз ин ки мегуянд Эрон бояд ба мизи музокира бозгардад, музокира бо Амрико аст, зеро мо бо дигар кишварҳо мушикле надорем ва бо аврупоиҳо ва дигарон музокира мекунем.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки масъалаи аслӣ дар музокирот таъини мавзӯи музокира аст афзуданд, мо дар мавриди ҳар мавзӯе музокира намекунем ва мавзӯоти номусӣ ва асосии инқилоб ҳамчун тавони дифоии кишвар наметавонанд мавзӯи музокира бошанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон мутлақан бо Амрико музокира нахаҳад кард хотирнишон карданд ҳамонтар, ки қаблан ҳам гуфта шуда музокира накардан бо Амрико ба ин иллат аст, ки аввалан ҳеҷ фоидае надорад ва сониян зарар ҳам дорад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба фишорҳои Амрико алайҳи Эрон низ ишора карданд ва гуфтанд, Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобили фишорҳои Амрико абзорҳои фишори лозимро дар ихтиёр дорад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин пешрафтҳои илмии Эронро муҷиби нигаронии қудтартҳои истеъморгар ва султагар донистанд ва тасреҳ карданд шитоби пешрафти илмии кишвар иддаои мо нест, балки марказҳои илмсанҷии дунё эълом карданд, ки шитоби пешрафти илмии Эрон 13 баробари мутавассити дунё аст ва дар бархе илмҳо, Эрон дар рутбаҳои бартари ҷаҳонӣ қарор дорад.