Оё тавофуқе барои музокираи Эрон бо Амрико шудааст?
(last modified Fri, 27 Jun 2025 13:49:56 GMT )
Июн 27, 2025 18:49 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, то кунун ҳеҷ қавлу қароре барои музокира бо Амрико гузошта нашудааст.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарӣ эълом кард, ки то кунун ҳеҷ қавлу қароре барои музокира бо Амрико гузошта нашудааст.

Ироқчӣ бо баёни инки сиёсати Эрон барои вуруд ба музокира дақиқ, ҳисобшуда ва ҳушмандона буд, хотирнишон кард: Мо эълом кардем, ки бо дипломатия ва музокира мухолиф нестем, аммо дар замине, ки тарафи муқобил таъриф кардааст, бозӣ намекунем. Ба ҷои музокираи мустақим, музокираи ғайримустақимро пешниҳоди додем ва шароити музокираро ба нафъи худ тағйир додем. Бо ин рӯйкард вориди музокироте шудем, ки қавоиди онро худамон таъйин карда будем.

Ироқчӣ бо ишора ба таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон ва бо баёни инки душманон барои маҳрум кардани мардуми Эрон аз ҳуқуқи худ ва ҳуқуқи ҳастаӣ, анвои фишорҳоро аъмол карданд, афзуд: Ҳамаи эрониён якпорча аз кишвар дифоъ карданд.

Вай бо таъкид бар инки Эрон бо вожаи таслим бегона аст, гуфт: Ин истодагӣ дар таърихи Эрон хоҳад монд, зеро як абарқудрати дорои силоҳи ҳастаӣ ва режими дорои силоҳи ҳастаӣ ва ҳамаи аврупоиҳо басиҷ шуданд ва барои шикастану таслими Ҷумҳурии исломии Эрон ва мардум ба ҳам кумак карданд то ба як муборизаи тақрибан 50 сола алайҳи султагарии Амрико поён диҳанд, аммо муваффақ нашуданд.

Ироқчӣ бо ишора ба инки ин 12 рӯз (аз оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон то таҳмили таваққуфи ҷанг ба ин режим) ба унвони намоде аз муқовимати як миллат дар таърих сабт хоҳад шуд ва ҳамоҳангии комил байни майдону дипломатия дар Эрон барқарор буд, гуфт: Сиёсати мо ин буд, ки агар душман бидуни пешшарт мутаваққиф шава,д Эрон низ вокунишҳои худро хотима хоҳад дод.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Ҳуқуқи байналмилал куҷост, қавонини байналмилалӣ куҷо ҳастанд? Дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҳатто як баёния алайҳи режими саҳюнистӣ содир нашудааст.

Ироқчӣ ҳамчунин бо баёни инки ин режими саҳюнистӣ буд, ки хостори таваққуфи амалиёт шуд, хотирнишон кард: Дар твите ҳам, ки мунташир кардам, омада буд, ки мо оташбасро қабул надорем, чун оташбас маҳсули як музокира аст ё натиҷаи тавофуқи ду тараф барои таваққуфи амалиёт, пас аз гуфтугӯ ва музокира. Мо ҳеҷ оташбас ё таваққуфи амалиёт ба маънои тавофуқшударо қабул надорем. Аммо агар режими саҳюнистӣ ҳамалоти худро идома надиҳад, мо ҳам қасде барои идома додан надорем. Яъне дар ҳақиқат ончӣ ки мо пазируфтем, ҳамин буд. Тасмимоти баъдӣ ҳам мутаоқибан гирифта хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, ба режими саҳюнистӣ иттилоъ додем, ки Эрон, Лубнон нест ва нақзи оташбас ба суръат ва бо диққат посух дода хоҳад шуд.