Зариф; бомбаборони шимёии Сардашт доғи сиёҳе дар таърихи муосир аст
(last modified Fri, 28 Jun 2019 13:23:27 GMT )
Июн 28, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Зариф; бомбаборони шимёии Сардашт доғи сиёҳе дар таърихи муосир аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо судури паёме,бомбаборони шимёии Сардашт дар шимол ғарби Эрон ро доғи сиёҳе дар таърихи муосир унвон кард.

Ба гузориши ИНРА, дар пёми Муҳаммад Ҷавод Зариф Вазири умури хориҷаи Эрон,ки рӯзи ҷумъа дар сиву дуввумин ёдовари шаҳидони бомбаборони шимёии Сардашт қироат шуд, омадааст; ҳамлаҳои шимёии режими баъси Ироқ алайҳи низомиён ва ғайри низомиёни эронӣ ба вижа мардуми бедифоъи шаҳри Сардашт дар ҷанги таҳмилие,ки бо сукути   нафратангез кунандаи ҷомиъаҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Шӯрои амнияти Созмони милалли Муттаҳид ҳамроҳ буд, аз ғамбортарин рӯзҳо дар таърихи дифоъи муқаддас аст ва то абад ин доғи нангин бар пешонии омилон ва ҳомиёни ин ҷиноятҳо боқӣ хоҳад монд.

Дар ин паём омадааст, Эрон бо таваҷуҳ ба мавозини шаръӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ бинобар силоҳҳои куштори ҷамъӣ, бар сиёсати усулии худ дар маҳкумияти истифода аз силоҳи шимёӣ дар ҳар замон,ҳар куҷо ва таҳти ҳар шароите таъкид кардааст ва бар зарурати иҷроии комил, мутавозин ва ғайри табъизомези мафоди Канвенсиюни силоҳҳои шимёӣ исрор меварзад.

Раиси дастгоҳи дипламатии Эрон таъкид кард; таасуфбор аст,ки эътиёди давлати Амрико  ба тавасул ба ибрози ғайриинсонии таҳрим ва терроризми иқтисодӣ муҷиби бурузи мушкилоти адидае барои ҷонбозони шимёии Эрон дар таҳияи дорӯ ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи онон шудааст ва иқдоми  давлати Амрико хилофи усули ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона ва хилофи рӯҳи Канвенсиюни силоҳи шимёӣ ва таъаҳудоти ин кишвар зейли Канвенсиюни мазкур ва низ усули ҳуқуи байналмиллал аст.

 Режими баъси Ироқ дар 28 Июни 1987 бо истифода аз бомбҳои шимёӣ чор нуқтаи пуриздиҳоми Сардашт ро бомбаборон кард,ки дар ин ҳамла 119 нафар аз сокинони ғайринизомии ин шаҳр шаҳид ва беш аз ҳашт ҳазор нафар низ дар  маърази газҳои заҳрогин қарор гирифтанд ва дучори масдумияти шимёӣ шуданд.