Июн 30, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • Эроншиноси фаронсавӣ узви ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ шуд

Маросими бузургдошт ва эътои узвияти ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба профессор Шарлес –Ҳенри де Фушҳкур, эроншинос ва мутарҷими фаронсавӣ баргузор шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, ин маросим бо ҳузури ҷамъе аз барҷастатарин устодон, донишгоҳиён, эроншиносон, мақомот ва сафирони кишварҳои форсизабон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар Фаронса баргузор шуд.

Аҳмади Ҷалолӣ, сафири Эрон дар ЮНЕСКО дар ин маросим хотирнишон кард, талоши профессор де Фушҳкур дар тарҷумаи “Девони Ҳофиз” ва “Мақолоти Шамси Табрезӣ” бисёр арзишманд аст.

Еве Фюллебойс, устоди забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Порис ҳам гуфт, де Фушҳкур ишқи бебадилро дар вуҷуди шогирдони худ дар бораи адабиёт ва фарҳангу тамаддуни форсӣ ба вуҷуд овард.

Профессор де Фушҳкур мутахассиси забон ва адабиёти форсӣ ва устоди мумтоз ва бознишастаи донишгоҳи Порис аст ва муддатҳо низ устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Муассисаи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқӣ будааст.

Де Фушҳкур ҳамчунин аз соли 1975 то 1979 раиси Анҷумани эроншиносии Фаронса дар Эрон буд.

Тарҷумаи комили девони Ҳофиз ба забони фаронсавӣ дар муддати 16 сол ва тарҷумаи “Мақолоти Шамси Табрезӣ” ба муддати 6 сол, аз ҷумла осори устод де Фушҳкур аст.

 

Барчасп