Осеби 6 миллиард евроии Фаронса аз ҷанги Амрико алайҳи Эрон
-
Дэвид Эмил, вазири муҳосиботи умумии Фаронса
Порс Тудей — Вазири муҳосиботи умумии Фаронса гуфт, ки мизони хисороти иқтисоди ин кишвар аз ҷанги таҳмилии Амрико алайҳи Эрон ба 6 миллиард евро мерасад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Дэвид Эмил, вазири муҳосиботи умумии Фаронса дар як мусоҳибаи радиоӣ гузориш дод: Ҳазинаҳои муртабит бо ҷанги Амрико алайҳи Эрон аз 6 миллиард евро фаротар хоҳад рафт ва вазъияти феълӣ барои ҳамагон таъсири манфӣ дорад.
Ин вазири фаронсавӣ тавзеҳ дод: Ин буҳрон ошкоро мардум ва машоғили Фаронсаро вайрон мекунад ва бори бисёр сангине бар дӯши умури молии умумӣ мегузорад.
Як назарсанҷӣ, ки моҳи май тавассути муассисаи «Elabe» барои шабакаи «BFM» анҷом шуд, нишон дод, ки 62 дарсад аз мардуми Фаронса ба далели афзоиши қимати сӯзишворӣ ношӣ аз ҷанги таҳмилии Амрико алайҳи Эрон, маҷбур шудаанд барномаҳои фароғатии худро тағйир диҳанд.