Июл 06, 2019 16:44 Asia/Dushanbe
  • Давлати Англия бояд ба Эрон посухгӯ бошад

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон бо ишора ба иқдоми давлати Англия дар тавқифи нафткаши ҳомили нафти хоми Эрон таъкид кард, давлати Англия бояд дар қиболи ин амали ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон посухгӯ бошад.

Муҷтабо Зуннурӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо, иқдоми давлати Англия дар тавқифи нафткаши ҳомили нафти хоми Ҷумҳурии Исломии Эронро иқдоме хилофи муқаррарот ва меъёрҳои байналмилалӣ донист.

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард, дар сурате, ки Англия иқдом ба рафъи тавқифи нафткаши ҳомили нафти хоми Эрон накунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон абзорҳои муқобилаи бамисл (ҳамсон)-ро дар ихтиёр дорад ва бархурди мутақобил хоҳад кард.

Зуннурӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки маҳмулаи нафти Эрон қочоқ ва ғайриқонунӣ набудааст, афзуд, ин ҷасорати давлати Англия алайҳи шахсияти миллати Эрон мояи ба хатар андохтани ҳамлу нақли озод дар кулли ҷаҳон аст.

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон аз кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони Амрико, ки саъй доранд аз сиёсатҳои таҷовузгарона ва зиддибашарии ин режим пайравӣ кунанд, хост, коре накунанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бихоҳад алайҳи онҳо амали мутақобил анҷом диҳад.

Нерӯи дарёии Англия панҷшанбеи гузашта дар иқдоме ғайриқонунӣ як нафткаши эрониро дар Ҷабалутториқ тавқиф кард.

Бархе манобеъ ба нақл аз вазири умури хориҷаи Испания эълом карданд, тавқифи ин киштӣ ба дархости амрикоиҳо сурат гирифтааст.

Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар пайи тавқифи ғайриқонунии ин нафткаш эълом кард, сафири Англия дар Теҳрон барои посухгӯӣ ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози Эрон ба иқдоми мухарриби давлати Англия ва нерӯи дарёии ин кишвар эълом шуд.

 

Барчасп