Видеое аз нафткаши тавқифшудаи англисӣ дар тангаи Ҳурмуз
Дар пайи рӯйкарди моҷароҷӯёнаи Англия дар хусуси тавқифи абарнафткаши ҳомили нафти Эрон ва бо вуҷуди дархостҳои мукаррари Теҳрон барои озодии он, ҳоло Эрон низ як нафткаши англисиро ҳангоми убур аз тангаи Ҳумуз ба хотири нақзи муқаррароти байналмилалии дарёӣ тавқиф кардааст.
Иқдоми ду ҳафта пеши туфангдорони нерӯи дарёии Англия дар тавқифи абарнафткаши “Грейс 1”-и ҳомили нафти хоми Эрон дар Ҷабалутториқ бо ин иддао сурат гирифт, ки ин киштӣ таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Сурияро нақз кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ, на Эрон ва на ҳеҷ кишвари дигаре мулзам ба риояти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нест ва аз сӯи дигар Эрон иддаои Англия дар хусуси мақсади ин киштии ғӯлпайкарро рад ва эълом кардааст, ки бандарҳои Сурия гунҷоиши паҳлугирии чунин киштии бузургеро надорад.