Мунофиқин, сарбозони бидуни юниформи Амрико
Раиси қувваи қазоияи Эрон аъзои гурӯҳаки террористии Мунофиқинро сарбозони бидуни юниформи Амрико унвон кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои олии қазоӣ бо ишора ба амалиёти ғурурофарини “Мирсод” гуфт, истикбори ҷаҳонӣ Мунофиқинро дар пӯшишҳои мухталиф зидди Эрон маъмур мекунад, аммо ҳамвора дар баробари мардуми Эрон шикаст мехуранд.
Раисӣ афзуд, нафрат ва кинаи миллати Эрон аз ҳуккоми Амрико ба воситаи ҷиноятҳои ин кишвар дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Амалиёти “Мирсод” 27 –уми июли соли 1988 барои муқобила бо ҳамлаи гурӯҳаки террористии Мунофиқин дар устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон оғоз шуд ва пас аз ду рӯз муҳосира, бо ҳалокати теъдоди зиёде аз ин афроди террористӣ дар тангаи Потоқ (Мирсод) поён ёфт.
Раиси қувваи қазоияи Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти Арабистон ва режими саҳюнистӣ дар ғарби Осиё гуфт, тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз бештарин мизони куштори кӯдакон дар Яман тавассути оли Саул ва дар Фаластин ба дасти режими саҳюнистӣ сабт шудааст.
Раисӣ изҳор дошт, Амрико масъули мустақими ҷиноёти оли Сауд дар Яман ва режими саҳюнистӣ дар Фаластин аст.
Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Вазорати беҳдошти Яман ҷумъашаб дар баёнияе бо эъломи ин ки дастикам 2 миллиону сесад ҳазор кӯдаки яманӣ аз норасоии ғизоии шадид ранҷ мебаранд, изҳор дошт, дар ҳар 10 дақиқа як кӯдаки яманӣ бар асари сӯитағзия мемирад.