Август 13, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз мошинҳои зиреҳию тактикии “Раъд” ва “Арас-2”

Бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи нерӯи заминии артиш аз мошини “Раъд” рӯнамоӣ ва мошини тактикии “Арас-2” таҳвили нерӯҳои мусаллаҳ шуд.

Вазир дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ дар ин оин бо ишора ба тавоноиҳои ин мошин гуфт, мошини тактикии “Арас-2” бо доштани таҳарруки боло дар манотиқи сахтгузар, насби силоҳу муҳимоти низомӣ бо вазни боло, тавону гаштовари боло, афзоиши тавон нисбат ба насли қаблии худ дар ҳавзаи муҳаррик, шӯои амалиётӣ, масрафи сӯхт, стандарти олояндагӣ, шитоб, қобилияти ҳамли бор ва қобилияти насби силоҳ пешрафтҳои қобили мулоҳиза ва вежае доштааст. Амири Ҳотамӣ афзуд, ин мошин мунтабиқ бо нақшаи роҳи худрави тактикӣ ва барои посухгӯӣ ба ниёзҳои кунунии нерӯҳои мусаллаҳ тарроҳию сохта шуда ва имрӯз теъдоди анбуҳи он дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳ қарор мегирад.

Амири Ҳотамӣ бо таҷлил аз талошгарони Созмони саноеи дифоӣ дар сохти худрави тактикии “Арас ду” гуфт, бо ҳамроҳӣ ва ҳамкории ширкатҳои донишбунён саноати дифоӣ дар тарроҳӣ ва тавлиди таслиҳоту таҷҳизоти дифоӣ, ҳамчунин дар саноати худравсозии низомӣ бо қобилият ва тавонои вижа ба аҳдофи худ даст ёфтааст. Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ бо ишора ба мушкилоти ахири саноати худравсозии дохилӣ дар ҳавзаи таъмини қатаот гуфт, Вазорати дифоъ бо таваҷҷуҳ ба сармояҳои азими илмӣ ва фанноварии худ дар ҳавзаи тавлиду сохти таҷҳизоти пешрафтаи дифоӣ ва низомӣ тавоноиҳои бисёре дар таъмини қатаоти мавриди ниёзи ширкатҳои худравсоз дорад ва метавонад ба унвони бозуи кумакии саноати худравии кишвар гиреҳгушои сохти қатаоти таҳримӣ дар ҳавзаи тавлиди худрав бошад.

Дар ин маросим ҳамчунин аз нафарбари зиреҳии зидди мина ва зидди камини “Раъд” ҳам рӯнамоӣ шуд.