Дидори Зариф бо Макрон дар Париж
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46116-Дидори_Зариф_бо_Макрон_дар_Париж
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз ҷумъа бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар Париж дидор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2019 12:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо Макрон дар Париж

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз ҷумъа бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар Париж дидор кард.

Дидори Макрон ва Зариф як рӯз пеш аз оғози нишасти серӯзаи сарони гурӯҳи ҳафт (G۷) дар Фаронса анҷом мешавад.

Вазири хориҷаи Эрон панҷшанбешаб барои дидор бо раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Фаронса озими Париж шуд.

Зариф рӯзи панҷшанбе бо ишора ба сафараш ба Париж барои дидор бо раисҷумҳури Фаронса гуфт: Ба дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ва барои баррасии пешниҳоди Макрон ва расидан ба заминаҳои муштарак ба Париж меравам.

Раисҷумҳури Фаронса рӯзи чоршанбе гуфт: Пеш аз нишасти гурӯҳи G۷ дар дидор бо мақомоти эронӣ пешниҳодҳоеро барои коҳиши таниш мёни Вашингтон ва Теҳрон ироа хоҳем кард.