Мусавӣ: Эрон хадамаи нафткаши англисиро озод мекунад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ дар идомаи сиёсатҳои инсондӯстонаи худ хадамаи нафткаши англисиро озод мекунад.
Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 19 –уми июл ба дархости Созмони банодир ва умури киштиронии устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), як фарванд нафткаши англисӣ бо номи “Стена Имперо” - ро ба иллати хомӯш кардани системаи мавқеиятёб ва дафъи пасмонди нафтӣ дар тангаи Ҳурмуз тавқиф кард.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии телевизиони Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ бо хадама ва нохудои нафткаши тавқифшудаи англисӣ мушкиле надорад, афзуд, замоне ки нафткаши англисии тавқиф шуд, хадамаи он ҳам мутаваққиф шуданд, аммо пас аз баррасиҳои лозим Эрон бар асоси сиёсатҳои инсондӯстонаи худ тасмим гирифт бархе аз хадамаи ин киштиро озод кунад.
Мусавӣ изҳор дошт, пас аз иқдоми инсондӯстонаи Эрон, нохудои нафткаши англисӣ ҳафт нафар аз хадамаи ин нафткашро, ки шомили атбои ҳиндӣ ҳастанд, барои тарки Эрон ба мақомҳои ҷумҳурии исломӣ муаррифӣ кард ва ин афрод ба зудӣ метавонанд кишварро тарк кунанд.