Муваффақияти навҷавонони эронӣ дар сохти ҳавопаймои бидуни сарнишин + видео
(last modified Mon, 30 Sep 2019 09:36:06 GMT )
Сентябр 30, 2019 14:36 Asia/Dushanbe

Рӯнамоии гурӯҳе аз донишомӯзони эронӣ аз ибтикори худ дар сохти ҳавопаймои бидуни сарнишин нишон медиҳад, ки тавони боздорандагии паҳподҳо дар кишвар дар ҳоли табдил шудан ба як ҳаракати умумӣ аст.

Ин ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки ба дасти гурӯҳе аз навҷавонони аҳли шаҳристони Турбати Ҳайдария, дар устони Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) сохта шудааст, метавонад ба осонӣ аз замин баланд шаваду фуруд биёяд ва барои нишастан низ ба бонди васеъе ниёз надорад. 

Ин ҳавопаймои бидуни сарнишин дар филмбардорӣ, фаъолиятҳои назоратӣ, ҳамли таҷҳизоти сабук ва амалиёти имдодӣ корбурд дорад.