Октябр 03, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Путин: Тазъифи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон зиёновар аст

Раисиҷумҳури Русия гуфт, Эрон дар арсаи нафту энержӣ, аз бозигарони бузурги ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Владимир Путин дар маросими оғоз бакори Маҷмаи байналмилалии ҳафтаи энержии Русия гуфт: Эрон кишваре аст, ки зарфиятҳои азиме дорад ва дар арсаи нафту энержӣ, аз бозигарони бузурги ҷаҳон аст.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки вазирони нафту энержии мақомоти олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодии 66 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд, Путин аз дидори рӯзи гузаштаи худ бо раисиҷумҳури Эрон ибрози хурсандӣ кард ва гуфт, Русия ҳамчунон дар канори Эрон хоҳад буд ва Маскав талош мекунад хатари афзоиши танишҳоро коҳиш диҳад.

Путин таъкид кард, Русия иқдомоти лозим барои таъодул дар бозори нафтро анҷом дода, аммо ин муҳим бо ҳамкории ҳамаи кишварҳо имконпазир аст.

Вай афзуд, ба иллати таҳримҳо зидди Эрон, барои ин кишвар имкони истифодаи комил аз зарфиятҳои ҳавзаи нафту энержӣ вуҷӯд надорад, аммо нуктаи асосӣ он аст, ки ҳузур надоштани Эрон дар ин арса ба навасоноти баҳои нафту энержӣ доман зада ва барои иқтисоди ҷаҳон зиёновар аст.

Владимир Путин ҳамчунин гуфт, мадраке барои муқассир донистани Эрон дар ҳамалот ба Оромкуи Арабистон вуҷӯд надорад ва Амрико ҳечгуна санаде барои даст доштани Эрон дар ин ҳамла ироа накардааст.

Путин афзуд, Фаронса талош кард, то нишасте байни мақомоти Эрон ва Амрико дар пайи ин ҳамла баргузор кунад, аммо ин иқдом бо нокомӣ мувоҷеҳ шуд, зеро Теҳрон аз Вашингтон мехоҳад таҳримҳои аъмол шуда бар ин кишварро лағв кунад.

 

Барчасп