Арбаъийни Ҳусейнӣ (а) таслият бод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47668-Арбаъийни_Ҳусейнӣ_(а)_таслият_бод
Чилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати имом ҳусейн (а), аз аҳлубайти поки Расули гиромии ислом (с) ва ёронаш, дар бистуми сафари соли 61 ҳиҷрии қамарӣ гиромӣ дошта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2019 16:35 Asia/Dushanbe
  • Арбаъийни Ҳусейнӣ (а) таслият бод

Чилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати имом ҳусейн (а), аз аҳлубайти поки Расули гиромии ислом (с) ва ёронаш, дар бистуми сафари соли 61 ҳиҷрии қамарӣ гиромӣ дошта шуд.

Дар ҳамин рӯз аз моҳи муҳарам соли 61 и ҳиҷрии қамарӣ, имом Ҳусейн (а) ба ҳамроҳи72 нафар аз ёрони боимон ва вафодори хеш дар баробари сипоҳи Язид қарор гирифтанд ва дар як рӯё рӯии нобаробар, мазлумона ба шаҳодат расиданд ва хонадони он ҳазрат низ асир шуданд.

Ҳар сол чил рӯз пас аз солгарди ин воқеа, дар маросими бузургдоште ба номи арбаъийн ( Ба маънии чилум ), бори дигар хотираи ҳамосаи Ошуро дар ёдҳо зинда мешавад ва мақоми волои исор ва шаҳодати имом Ҳусейн (а) дар роҳи эҳёи маорифи баланди ислом ва сираи Паёмбар (с), гиромӣ дошта мешавад.

Ҳамчунин бинобар ривояте мақорун бо чилумин рӯзи шаҳодати имом Ҳусейн (а) ,солори шаҳидон ва сарвари озодагони ҷаҳон, корвони аҳлубайти Паёмбар (с) пас аз ифшои моҳияти зиддиисломии Язид ва ҳақонияти қиёми имом Ҳусейн (а), ба сарзамини Карбало расид. Бинобар ҳамин ривоят, хонадони имом Ҳусейн (а) дар онҷо бо саҳобии бузурги Паёмбар (с), Ҷобир бин Абдуллоҳи Ансорӣ ва иддае дигар аз ёрони имом (а) рӯ ба рӯ шуданд,ки барои зиёрати қабри имом Ҳусейн (а) омада буданд ва бо суз ва гудозе ҳасратбор,ёди он имоми шаҳидро гиромӣ доштанд.