Зариф: Амрико хатаре ҷиддӣ барои чандҷонибагароӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47798-Зариф_Амрико_хатаре_ҷиддӣ_барои_чандҷонибагароӣ_аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Чандҷонибагароӣ аз сӯи Амрико дар маърази хатар аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 23, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико хатаре ҷиддӣ барои чандҷонибагароӣ аст

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Чандҷонибагароӣ аз сӯи Амрико дар маърази хатар аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи сешанбе дар ибтидои вуруд ба Баку дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, зимни ишора ба баргузории иҷлоси сарон ва нахуствазирони кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутаҳҳидҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд: Лозм аст кишварҳо мабнои дипломатӣ ва чандҷонибагароиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд.

Зариф тасреҳ кард: Бештари тамаркузи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо бар рӯи чандҷонибагароӣ ва тақвияти он аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Иҷлоси сарон ва нахуствазирони кишвраҳои узви Ҷунбиши ғайримутаҳҳидҳо фурсатеро фароҳам мекунад, то дидорҳое дар ҳошияи ин иҷлос бо мақомоти мухталиф анҷом шавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб барои ширкат дар ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутаҳҳидҳо вориди Баку шуд.

Баку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон 25 ва 26 октябр мизбони ҳаждаҳумин иҷлоси сарон ва нахуствазирони кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо хоҳад буд ва қабл аз ин иҷлос ҷаласаи вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо имрӯз (чоршанбе) ва фардо (панҷшанбе) баргузор хоҳад шуд.