Ноябр 02, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси нахуствазирони Созмони ҳамкории Шанхай ба Узбакистон сафар кардааст.

Ҳузури муовини раиси ҷумҳури Эрон дар ин иҷлос фурсати дуборае барои табйини дидгоҳҳо ва мавозеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай фароҳам кард.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии байни давлатӣ аст, ки дар 15 июни соли 2001 дар шаҳри бандарии Шанхай тавассути Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд. Дар нишасти ин созмон дар Тошканд дар соли 2016 намояндагони Ҳиндустон ва Покистон ёддоштҳоеро барои узвияти собит дар Созмони ҳамкории Шанхай имзо карданд ва дар ҳабдаҳумин нишаст дар Қазоқистон ин ду кишвар ба узвияти комили ин созмон пазируфта шуданд. Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Нақши ин маҷмуа аз ду ҷанба дорои аҳамият аст, аз як ҷанба ин созмон нуқтаи муқобили якҷонибагароӣ ва таҳдидоте аст, ки мутаваҷҷеҳи кишварҳои минтақа аст.

Созмони ҳамкории Шанхай созмоне барои муқобила бо НАТО аст ва иллати аслии шаклгирии он муқобила бо мудохилаи эҳтимолии Амрико дар кишварҳои бузурге чун Чин ва Русия ё эҷоди даргирии низомӣ дар минтақа аст.

Аз ҷанбаи дигар Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони ташкилоте қудратманд дар ҳавзаи равобити минтақаӣ тавонистааст улгуе бар асоси мушорикати ҷомеи роҳбурдӣ эҷод кунад.

Дар ин чорчуб густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ба вижаа дар бахши энержӣ аз дигар ҳадафҳои муҳими Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор меравад.

Он чи бар аҳамияти аҳдоф ва барномаҳои ин созмон дар як даҳ солаи ахир афзуда таҳаввулотест, ки дар фазои геополотики АвруОсиё ва минтақаҳои пайромунии он руй додааст.

Масоиле ҳамчун густариши фаолияти гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ғарби Осиё ва заруратҳои тавсеаи иқтисодӣ ва амнияти энержӣ, муҷиби таваҷҷуҳи бештар ба коркардҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай шудааст.

Дар ин росто мавқеияти Эрон барои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷуғрофиёи минтақа дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст.

Кузагарколҷӣ коршиноси Осиёи Миёна ва Қафғоз бо ишора ба танаввуи ҳамкориҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва нақши Эрон дар ин созмон мегуяд, дар ин созмони тайфи гуногуне аз ҳамкориҳои мухталиф дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ анҷом мешавад. Ба унвони мисол дар мавзӯи масоили амниятӣ метавон ба баҳси мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ишора кард ва дар ҳавзаи иқтисодӣ низ масоиле аз ҷумла энержӣ, гумрук ва транзит аст, ки то кунун мавриди ҳамкорӣ қарор гирифтааст. Ҳузури Эрон  ҳатто дар вазъияти нозир низ тайфи гуногуне аз ҳамкориҳоро шомил шудааст, ки дар сурати тағйири вазъият ба унвони узви аслӣ ин ҳамкориҳо бештар мешавад.

Дар ҳоли ҳозир кишварҳои бузурге ҳамчун Русия, Чин, ки аз аъзои бунёнгузори Шанхай ҳастанд равобите роҳбурдӣ бо Эрон доранд. Эрон акнун бо эҷоди минтақае озод дар чорчуби тавофуқи тиҷорӣ ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пайвастааст ва ҳамкориҳои худро бо кишварҳои узви ин иттиҳодия густариш додааст.

Ши Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин дар иҷлоси сарони Шанхай, ки моҳи июни гузашта дар Бишкек баргузор шуд таъкид кард, густариши ҳамкориҳои Эрон ва Чин на танҳо ба нафъи ду кишвар балки ба нафъи тавсеаи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Созмони Шанхай фурсатҳои қобили таваҷҷуҳеро барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ дар минтақа эҷод карда, ки бояд аз онҳо истифода ва ба самти пешрафт ҳаракат кард. Аз ин дидгоҳ ҳузури муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон дар ҳаҷдаҳумин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд фурсате барои тақвияти ин ҳамкориҳо ба ҳисоб меояд.