Ноябр 08, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми паҳподи мутаҷовизи хориҷӣ қабл аз расидан ба маконҳои ҳассос

Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Эрон аз инҳидом як паҳподи мутаҷовиз тавассути сомонаҳои бумии нерӯи падофанди ҳавоии артиши мустақар дар минтақаи умумии Моҳшаҳр, ҷанубу ғарби ин кишвар хабар дод.

Алирзо Сабоҳифард, фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ин иқдоми қотеъ ва шиллики мушак дар вокуниш ба таҷовузи як паҳподи мутаҷовизи хориҷӣ ба ҳарими ҳавоии Эрон будааст ва паҳподи мутаҷовиз қабл аз расидан ба маконҳои ҳассос бо ҳушёрии комили шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоии кившар мунҳадим шуд. Сабоҳифард таъкид кард, шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон бо омодагии комил, қотеона бо ҳар гуна таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Эрон посух хоҳад дод.

Бомдоди ҷумъа манобеи маҳаллӣ аз шунида шудани садои инфиҷор дар бандари Моҳшаҳри устони Хузистон, ҷанубу ғарби Эрон хабар доданд, ки муддате баъд мушаххас шуд, садои инфиҷор ношӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як паррандаи ношинос тавассути падофанди ҳавоии артиш будааст.

Шаҳристони бандарии Моҳшаҳр бузургтарин минтақаи иқтисодии петрошимии Ховари Миёна аст ва бандари Имом Хумайнӣ, яке аз бандарҳои бузурги Эрон аз тавобеи ин шаҳристон мебошад. Минтақаи иқтисодии Моҳшаҳр бо таваҷҷуҳ ба нақши он дар иқтисоди Эрон аз манотиқе аст, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи душманон қарор дорад.