Июл 21, 2016 20:20 Asia/Dushanbe

Вазири умури дохилии Эрон гуфт, дар шаҳри Хош, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон нақби зеризаминие кашф шудааст, ки қарор буд, дар амалиёти террористӣ алайҳи марокизи амниятии вилояти Сиистону Балучистон аз он истифода шавад.

Вазири умури дохилии Эрон аз боздошти 40 террорист дар минтақаи марзии ҷанубу шарқи ин кишвар хабар дод. Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ гуфт, "ду шаб қабл дар шарқи кишвар бо нақбе мувоҷеҳ шудем, ки дар замин то умқи 20 метр ҳафр шуда, 40 метр дарозӣ дошт. Баррасиҳо нишон додаанд, афроде, ки ин нақбро кандаанд, қасд доштанд, аз тариқи он марокизи низомии сипоҳ ва нерӯҳои интизомиро мунфаҷир кунанд".

Ин нақб дар шаҳри Хош, дар вилояти Сиистону Балучистон канда шуда ва қарор буд, барои бамбгузорӣ ва амалиёти террористӣ истифода шавад. 

Барчасп